29 ноябри соли 2018 ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид «чакан» - як навъи гулдӯзии тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сабти ин ҳунари таърихӣ ва рушдёфтаи кишвар 5 сол боз талош мекард.
Дар сомонаи ЮНЕСКО оид ба муаррифии чакан чунин гуфта шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Дар Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис ёфтааст, то имрӯз 509 номгӯй урфу одат ва ҳунари миллӣ аз 122 кишвари дунё ворид карда шудааст.
Вобаста ба қабули чакан ба рӯйхати фарҳанги ғайримоддии башарият суҳбате доштем бо директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳрии Тоҷикистон Шариф Комилзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки маҳз дар даврони истиқлол бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзишу таҳқиқи мероси пурғановати фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар ин робита ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ (17 августи соли 2010) барои пешниҳоди намунаҳои муътабари унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамасола Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар яке аз ҷаласаҳои худ номинатсияи унсурҳои фарҳанги ғайримоддии мамолики гуногуни ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Имсол Ҷаласаи 13-уми Кумитаи мазкур дар давоми 5 рӯз (аз 26 ноябр – 1 декабри соли 2018) дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий, воқеъ дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд. Дар ин ҷаласа дар радифи 40 номинатсияи кишварҳои дигар, номинатсияи «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз баррасиву ҷонибдории 24 давлати аъзо ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман сабт карда шуд.
Дар идомаи суҳбат Ш. Комилзода зикр намуд, ки барои пешниҳоди номинатсияи мазкур дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ҳанӯз панҷ сол пеш шурӯъ шуда буд. Сараввал, олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафарҳои хидматӣ анҷом дода, тавассути баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ маводи заруриро ҷамъоварӣ намуданд. Сипас, тибқи талаботи моддаи 12-и қисми 3-и Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шуд, ки фарогири 533 унсури фарҳангӣ мебошад. Чакандӯзӣ ҳамчун унсури фаъол дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» аз соли 2014 таҳти рақами E002 сабт ёфта, чунин тавсиф шудааст: «Санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин мебошад. Одатан, гулдӯзии чакан дар курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, камарбанд, рӯймол ва ғайра истифода мешавад. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад, чунончи: косагул, гули анор, барги бед, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Куртаи чакан махсус барои занҳову духтарон дӯхта мешавад. Дар ҷашнҳои расмӣ ва идҳои халқӣ духтарон ҳатман куртаи чакан ба бар мекунанд».
Шариф Комилзода иброз намуд, ки таҳқиқотҳои доиркардаи олимони пажӯҳишгоҳ Д. Раҳимов, Н. Қличева ва А. Аминов шаҳодат медиҳанд, ҳунари чакандӯзӣ бештар дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Данғара, Фархор, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон паҳн гардида, густариш ёфтааст. Ин намуди ҳунармандӣ дар водии Рашт ва Дарвоз низ рушд намудааст. Натиҷагирӣ аз таҳқиқотҳои доиршуда барои таҳияи номинатсияи чакан мусоидат намуда, имкон дод, ки ҳуҷҷатҳои номинатсия мутобиқ ба талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО сари вақт омода шаванд ва барои баррасӣ ба дафтари коршиносони ЮНЕСКО пешниҳод гарданд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки тӯли даҳ соли охир дар Феҳристи ЮНЕСКО аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 намунаи фарҳанги ғайримоддӣ: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016), «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон) ва «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018) сабт шудааст.
Чорабиниҳои мазкур ва дигар тадбирҳое, ки дар самти омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик амалӣ мегарданд, албатта, барои шинохту гиромидошт ва тарғибу муаррифии намунаҳои фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Насриддин Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр