Нашрияи Омӯзгор

Мулоқот бо Чжен Вэйсзян

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

17-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев бо роҳбарияти Донишгоҳи санъат ва илми Ланчжоуи Ҷумҳурии халқии Хитой доир гардид.

Зимни нишаст ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳо ибрози андеша намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи санъат ва илми Ланчжоу яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии халқии Хитой ба ҳисоб рафта, дар он донишҷӯёни як қатор кишварҳо таҳсил менамоянд.

- Ҳоло дар донишгоҳи мо 15 нафар донишҷӯи тоҷик дар ихтисосҳои гуногун таҳсил менамоянд,-зикр кард Чжен Вэйсзян-муовини роҳбарияти донишгоҳ.

-Мушоҳидаҳо нишон дод, ки донишҷуёни тоҷик аз донишҷӯёни кишварҳои минтақа тафовут доранд. Онҳо бо хулқу атвор ва донишу малакаи худ фарқ доранд ва зудтар забонро аз худ мекунанд.

Дар идома гуфта шуд, ки масъулини Донишгоҳи санъат ва илми Ланчжоуи Ҷумҳурии халқии Хитой мехоҳанд бо Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи он табодули донишҷӯёну устодонро роҳандозӣ намояд.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Р. Мирбобоев зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тиҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ буда, ҷиҳати вусъат бахшидани он чораҳои заруриро меандешад.

Маркази матбуоти

Вазорати  маориф

ва  илми ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш