Рушди иқтисоди миллӣ ва қисмати муҳими он - соҳаи маориф дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ва соҳа, аз ҷумла, Стратгияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Стратегияи миллии соҳаи маориф барои солҳои 2012-2020 ва барномаҳои гуногуни миллӣ ва соҳавӣ ба нақша гирифта мешавад. Дар ин миён, Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавқеи муҳимро касб менамояд.
Маҳз дар паёмҳои Пешвои миллат соҳаи маориф афзалиятнок, калидӣ, тақдирсоз, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат, шарти асосии пешрафти ҷомеа эълон шуда, ҷиҳати ҷалби бештари маблағҳо аз сарчашмаҳои гуногун ба ҳукумати кишвар супориш дода шуд. Ин аст, ки дар соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф, аз ҷумла, аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ афзоиш ёфт. Соли равон барои соҳаи маориф 4,2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 7,4 % зиёд мебошад. Танҳо барои таъмини хароҷоти асосии соҳа, ки ба сохтмону хариди воситаҳои асосӣ, инчунин, дар буҷети соли 2019 барои хароҷоти асосӣ 393,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 95,7 млн сомонӣ ё 32,1% зиёд аст.
Бояд қайд кард, ки теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 40-50 ҳазор нафар зиёд мешавад. Танҳо соли таҳсили 2016-2017 шумораи хонандагон нисбат ба соли пешин 52,0 ҳазор нафар афзоиш ёфта, ба 1 млн. 837,8 ҳазор нафар расидааст.
Соли 2018 аз ҳисоби 3 лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф ба маблағи умумии 60 млн. 650 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст. Маблағи мазкур барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо равона карда шудааст.
Дар давоми се соли охир буҷети соҳа 35 фоиз афзоиш ёфт. Тибқи нақша соли 2019 буҷети соҳаи маориф беш аз 500 млн. сомонӣ афзуда, ба 4,4 млрд. сомонӣ баробар мешавад.
Дар баробари ин, афзоиши сармояи хориҷӣ низ дар назар дошта шудааст. Дар ҳаҷми умумии маблағҳои соҳа маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ – 738,4 млн сомонӣ ва маблағҳои грантӣ ва қарзӣ – 182,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, афзоиши он мутаносибан ба 13% ва 94,9% баробар аст.
Буҷети соҳаи маориф аз рӯи афзалиятҳои соҳа, яъне, рушди таҳсилоти томактабӣ ва раванди ислоҳоти маблағгузории он, рушди низоми такмили ихтисос, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ таҳия гардида, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.
Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (22.12.2017) таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад”. Ин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 14 августи соли 2018 №108 аз 1 сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, соҳаи маориф ва илм, инчунин, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз соли 2012 инҷониб музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 155 фоиз зиёд шудааст. Албатта, афзоиши музди меҳнат ба некуаҳволии кормандони соҳа, махсусан, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтахассус таъсири мусбат мерасонад. Имрӯзҳо аллакай барои ба кор қабул намудани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки алҳол ба як омӯзгор, ки теъдоди онҳо ба беш аз 123000 нафар мерасад, камтар аз 1 воҳиди корӣ рост меояд. Бо дарназардошти ин, мо гуфта метавонем, ки мушкилоти норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ асосан ҳалли худро ёфтааст.
Нарасидани омӯзгор дар ин ё он муассисаи таълимӣ, ки метавонад ба вуҷуд ояд, ба омилҳои табиӣ (нафақа, марг, муҳоҷират, таваллуди фарзанд ва монанди инҳо) вобаста буда, хусусияти муваққатӣ дорад ва дар доираи захираҳои ҷойдошта ҳал карда мешавад.
Роҳбари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки “...ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд”. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён соли равон чанд иқдом гирифта шуд, ки интизор меравад дар ду-се соли оянда натиҷаи мусбат хоҳанд дод.
Аз ҷумла, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ислоҳоти мазмуни таҳсилот идома ёфта, аз 1 сентябр барномаҳои таълимӣ аз фанҳои дақиқ дар синфҳои 5-11 бо дарназардошти муносибати босалоҳият ҷорӣ карда шуданд. Таълими фанни технологияи информатсионӣ аз синфи 5 оғоз гардид. Омӯзиши фанни мазкур бояд ҳамчун замина барои истифодаи технологияҳои муосири замонавӣ дар омӯзиши дигар фанҳо ёрӣ расонад.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани давраи таҳсили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мувофиқ гардонидани сарбории таълимии хонандагон бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид гардида, аз соли таҳсили 2018-2019 сар карда, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ давомнокии соли таҳсил ду ҳафта тамдид карда шуд. Минбаъд анҷоми соли таҳсил 14 июн муқаррар карда шуда, ба ду нимсола ва чор чоряк тақсим гардид.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 вазифаҳои асосии рушди сармояи инсонӣ дар давраи дарозмуҳлат инҳо мебошанд:
- пешбурди фарогирии иҷтимоӣ тариқи баланд бардоштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт;
- фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ.
Маориф ҳамчун қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҷомеа ва омили муҳимтарини рушди неруи инсонӣ маҳсуб мешавад.
Аз ин нуктаи назар, баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти шаҳрвандон ба некуаҳволӣ, даромад, саломатии ҷомеа ва дар умум, ба рушди устувори кишвар таъсири мусбат мерасонад. Махсусан, ба талаботи муосир мувофиқ кунонидани таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа маҳсуб мешавад.
Дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аслии таҳсилоти касбӣ, махсусан, таҳсилоти олии касбиро дар ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир медонад.
Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд талаботи бозори меҳнатро инъикос намояд. Зарурати таъмини самаранокии захираҳо ва неруи энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ тоза барои таъмин намудани рушди устувор таҳсилоти муносиб ва омӯзиши дахлдорро талаб мекунад. Ҳамзамон дар доираи такмилдиҳии сохтори маориф, зиёд намудани шумораи хатмкунандагон дар бахши ихтисоси муҳандисию техникӣ ва илмҳои табиӣ зарур мебошад. Бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷӣ, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуд. Бунёди низоми дастгирии рушди муҷаҳҳазгардонии технологии раванди таҳсил, таъмини иртиботи дониши касбӣ ва малакаи амалӣ, аз ҷумла, ташаккули стандартҳои таълимӣ ва касбӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷалби корхонаву ташкилотҳо, пешбурди ҷараёни таҳсилот бо истифода аз иқтидорҳои корхонаҳои азим, ташкили майдончаҳои истеҳсолии таълимӣ, аз фаъолиятҳое мебошанд, ки бояд дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ карда шаванд
Бо мақсади ба талаботи муосир мувофиқ кунонидани таҳсилоти олии касбӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 21.06.2018, №306) ба тасвиб расид, ки тартиби ягонаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, молиявӣ ва идоракунии муассисаи таълимӣ, муқаррар намудани меъёрҳои умумии сарбории таълимии донишҷӯён, магистрон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таносуби ҳаҷми меҳнатталабии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ дар низоми кредитии таҳсилот ва таҳсилоти фосилавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян менамояд.
Бо мақсади таъмини сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим, бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани барномаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнатро таҳким бахшем. Бо ин мақсад, соли равон дар 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таври озмоишӣ қабули аттестатсияи хатм дар Маркази тестии муассисаи таълимӣ бо истифода аз технологияи муосир баргузор гардид.
Таҳлили натиҷаҳои озмоиши мазкур нишон медиҳад, ки чунин тарзи ба роҳ мондани аттестатсия барои баҳогузории воқеӣ ва истифодаи самараноки вақт мусоид буда, донишҷӯ баъд аз пурра ҷавоб додан дарҳол дар монитори компютер холҳои соҳибгардидаи худро мебинад. Ин усул шаффофияти баҳогузориро дар рафти аттестатсияи хатм таъмин менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки татбиқи технологияи муосир дар самти донишандӯзии донишҷӯён ва истифодаи он дар раванди таълим аз ҷониби омӯзгорон, пеш аз ҳама, василаи рушди сифати таҳсилот ва такмили раванди таълим мебошад.
Баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад. Бо ин мақсад соли равон озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ - 2018» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи 22 бахш гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур 126 лоиҳа пешниҳод шуда, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илм омода намудани мутахассисони ба талаботи муосири иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 5200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти миллии кишвар зарур барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фирис-тода шуданд.
Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ зиёда аз 6200 донишҷӯ аз давлатҳои хориҷи дуру наздик бо ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин нишони эътирофи низоми таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Нишондиҳандаи муҳими соҳа рушди инфрасохтори он мебошад. Соли равон бо дастгирии Роҳбари давлат, ки дар Паём изҳор доштанд, ки “соли 2018 раванди сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд”, бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои 36600 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта қариб 6000 ҷойи нишаст зиёд аст. Мавриди зикр аст, ки қариб 1500 синфхонаи нав бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосири хониш таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди инфрасохтори соҳаи мориф муҳим аст. Аз ҷойҳои нишасти дар соли 2018 ба истифодадодашуда 16363 адад аз ҷониби соҳибкорон ва 1646 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар аз ҷониби ҷамоатҳо сохта шудааст, ки ин иқдом боиси дастгирист.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр