Нашрияи Омӯзгор

260 медал аз 22 олимпиадаи байналмилалӣ

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

10 - 15 декабри соли 2018 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон олимпиадаи байналмилалии «Озмоишгоҳи омодагии истеъдодҳо - 2019»  аз фанҳои математика, физика, химия баргузор гардид, ки хонандагон аз 10 давлати дунё, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар хонанда иштирок карданд. Дар ҷамъбасти олимпиада Сино Давлатов - хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Ворис Раҳимов - хонандаи литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва Азамат Рашидов - хонандаи литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  байни дастаҳо мақоми сеюмро ишғол кард.

Соли 2018 хонандагони ҷумҳурӣ дар 22 олимпиадаи байналмилалӣ (дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия, Япония, Хитой ва Озарбойҷон) сазовори 260 медал (56 медали тилло, 92 медали нуқра, 112 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 95 медал (22 медали тилло, 35 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.

 

Н. Охунзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш