Нашрияи Омӯзгор

Кишвари сарватҳои табиӣ

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Нахуст ба хонандагон тавзеҳ додан лозим аст, ки фаровон будани сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба таърихи геологии ин сарзамин сахт вобаста аст. Сарватҳои зеризаминӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз таҳшинҳои давраҳои мезозой ва кайназой ҳосил шудаанд. То давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба таври бояду шояд таҳқиқ нашуда буданд. Сарватҳои  зеризаминии Тоҷикистон ба 3 навъ ҷудо карда мешаванд: сӯзишворию энергетикӣ, металлӣ ва ғайриметаллӣ. Ба сарватҳои сӯзишворию энергетикӣ ангишти бӯр, ангиштсанг, торф, варақсангҳои сӯзанда, нафт ва гази табиӣ мансуб мебошанд. Захираҳои  калони ангиштсанг дар Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ ҷой гирифтаанд. Дар ҷумҳурӣ тақрибан 40 кони ангиштсанг маълум аст, ки аксари онҳо аҳамияти саноатӣ доранд. Захираи нафт ва гази Тоҷикистон зиёд нест, вале дар натиҷаи таҳқиқоти геологӣ муқаррар карда шудааст, ки дар водиҳои Вахшу Кӯлоб ва Фарғона дар таҳнишастҳои давраи табошир ва юр конҳои газу нафт вуҷуд доранд. Сарватҳои зеризаминии металлӣ асосан дар Тоҷикистони  Шимолӣ (кӯҳи Қаромазор) ва Марказӣ (қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой) мавҷуданд.

Сарватҳои зеризаминии металлӣ (асбест, абрақ, азокерит, фосфорит, намаксанг, масолеҳи сохтмон ва ғайра) дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Бештар аз 50 кони намаксанг ёфт шудаанд. Тоҷикистон  бо обҳои минералӣ шуҳрати оламшумул дорад. Таркиби химиявӣ ва хосияти физикии обҳои минералӣ ниҳоят гуногун аст. Дар Тоҷикистон чашмаҳои гарм ва хунуки обашон газдор фаровон мебошанд.

 

Шаҳригул ТАҒОЕВА,

омӯзгори география гимназияи №2, ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш