Нашрияи Омӯзгор

Баҳона набояд ҷуст

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Шахс ё худ инсон дар оила тарбия ёфта ба воя мерасад ва чун фарзанди солиму бардам ва баору номуси кишвар ба халқу Ватани худ хизмат менамояд. Ин масъулияти басо бузурге ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, месазад, ки баҳри бунёд намудани оила заҳмати зиёд кашид, то дар нимароҳ лолу ҳайрон, зору ҳақиру парешон намонем. Мутаассифона, баъзе волидоне ҳастанд, ки бо мактаб алоқаи зич надоранд, фарзандони хешро назорат намекунанд  ва ҳама корро ба омӯзгорон ҳавола кардаанд. Агар ба сарварони ин гуна оилаҳо танбалӣ, камбудӣ, бадахлоқӣ ва бесаводии фарзандашонро ёдовар шавед,  мегӯянд: «Худам ҳам дар вақташ сустхон будам, аз куҷо донам, ки тарбияаш чист? Таълим ва тарбия вазифаи мактабу  маориф ва муаллимон аст».  

 Бояд гуфт, ки бачагону наврасонро одамон, муҳит ва ҷомеа тарбия менамоянд. Дар ин байни падару модарон бо ахлоқ ва симои маънавии худ ба бачагон ва наврасон таъсири бештар мерасонанд.

Заррина НАБИЕВА,

омӯзгори  таърих  ва  ҳуқуқи

мактаби №54,  шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш