Нашрияи Омӯзгор

Хулқи некро доранд дӯст

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Меҳри омӯзгорӣ дар дили Сафаралӣ Назаров аз овони кӯдакӣ ҷой гирифта буд. Аз ин рӯ, пас аз хатми мактаб ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор омада,  таҳсилро идома бахшид.

Баъди хатми омӯзишгоҳ ба шуъбаи география ва табиатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад-риддин Айнӣ дохил шуд ва пас аз сипарӣ  гардидани давраи тиллоии донишҷӯӣ дар кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба кор шурӯъ кард. Муддате дар донишгоҳи мазкур ба ҳайси мудири кабинети методии такмили ихтисоси директорони мактабҳои ҷумҳурӣ ҳам фаъолият намуд. Ҳиссаи Сафаралӣ дар баланд бардоштани маҳорату малака ва бозомӯзии директорони ҷавон хеле бузург аст. Бо ташаббуси ӯ директорони таҷрибаомӯз бештар ба мактабҳое сафарбар мегардиданд, ки роҳбарони пешқадаму номдор доштанд.   

Доираи фаъолияти Сафаралӣ Назаров хеле фарогиру пурвусъат аст, зеро солҳои гуногун дар муассисаҳои мухталифи таълимӣ ба шогирдон дарс дода, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузоштааст. Дар мактаби рақами 5-и ноҳияи Рӯдакӣ низ чандин сол ҳамчун омӯзгори биология ба шогирдон дарс гуфт.

Мавсуф дар мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ чанд сол сарбаландона ифои вазифа карда, соҳиби мукофоту раҳматномаҳо гардид.

Соли 1994 Сафаралиро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даъват намуда, вазифаи директории хобгоҳҳои донишгоҳро ба зиммааш гузоштанд. Пас аз чанде ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагии донишгоҳ таъйин гардид ва бо кордониву маҳорати хуби корбарӣ ва муносибати неку хайрхоҳонааш  дар дилу дидаи ҳамкорону атрофиён ҷой гирифт. Сафаралӣ аз зумраи онҳоест, ки аз уҳдаи кори ба зиммааш вогузоршуда ба осонӣ мебарояд. Кабинети методии намунавии «Мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода»-и донишгоҳ бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи ӯ таъсис ёфтааст, ки дар миқёси  ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо ба шумор меравад.

Муҳаббат ба одамон, ёру дӯстон, шиносу ҳамсояҳо яке аз хислатҳои неки Сафаралӣ Назаров мебошад. Фарди бомеҳру муҳаббат аст, ӯ. Фаридаддини Аттор мегӯяд:

Беҳтарини чизҳо хулқи накуст,

Халқ хулқи некро дорад дӯст.  

Сафаралӣ Назаров имрӯзҳо ба синни 70 расидаву ҳанӯз ҳам фаъолияти пурбор дорад. Итминони комил дорем, ки ин марди хирадманду заковатпеша минбаъд низ дар ҷодаи тарбияи насли наврас ва рушди иқтисоди кишвар ҳиссаи арзанда мегузорад.

 

А. Шоева


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш