Нашрияи Омӯзгор

Комёбӣ аз масъулиятмандист

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Аҳли маорифи вилояти Хатлон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.

Сармутахассиси раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафармуҳаммад Алимардонов иброз дошт, ки дар шаҳру навоҳии вилоят солҳои охир вазъи таҳсилоти томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам, бинобар зиёд будани теъдоди кӯдакон дар самти фарогирии онҳо ба муассисаҳои таълимии томактабӣ мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст. Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 514 ҳазору 551 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 142 муассисаи томактабӣ ва 767 Маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд. Мутаассифона, вазъи таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои Ш. Шоҳин (6-то), Бохтар (ҳамагӣ 8-то), Дӯстӣ (15-то) ва А. Ҷомӣ (18-то) нигаронкунанда аст. Ҳамзамон, раёсати маориф татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст. Аз рӯйи ин нақша бояд дар ҳудуди вилоят то соли 2020 365 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта ба истифода дода шавад, вале то ҳол дар вилоят ҳамагӣ 7 муассисаи таълимии хусусии томактабӣ ба истифода дода шудааст, ки мувофиқи мақсад нест. 

Бояд қайд кард, ки солҳои охир шароити зист ва таълиму тарбия дар муассисаҳои интернатии ҳудуди вилоят хеле беҳтар гардида, ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони  саховатманд кумакҳои зиёди моддӣ расонида мешавад. Имсол ҳамаи хатмкардагони муассисаҳои интернетӣ, ки ятими кулл буданд, дар муассисаҳои олии кишвар таҳсили худро идома доданд.

Ба таъкиди С. Алимардонов, таҳсилоти иловагӣ дар радифи бисёр дастовардҳо мушкилот ҳам дорад. Аз 27 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилоят 11 муассиса бинои алоҳида надорад, ки ин ба пешравии кору фаъолияти муассисаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Надоштани бинои алоҳида, мустақилияти молиявӣ, нокифоя будани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳо, норасоии кадрҳо, таҷҳизот барои гузаронидани машғулият ва корҳои амалӣ дар равияҳои эҷодиёти техникӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва табиатшиносӣ, аз байн рафтани муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии соҳавӣ (стансияи сайёҳони наврас, техникон ва табиатшиносони ҷавон) садди роҳи пешравиҳо мешаванд.

Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ хуб ҷараён дорад. Дар ҳудуди вилоят 1343 муассиса фаъолият менамояд, ки дар онҳо 729 ҳазору 29 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. С. Алимардонов таъкид кард, ки яке аз тадбирҳои басо муҳим гузариши муассисаҳои таълимӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.

Дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар вилоят корҳои зиёде ба сомон расидаанд, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Вахш, Данғара, Ховалинг, Ёвон ва Шамсиддини Шоҳин 7 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Умуман, имсол дар ҳудуди вилоят барои хонандагон 15 438 ҷойи нишаст муҳайё гардида, ин раванд-сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад, аммо ҳанӯз ҳам 53 муассисаи таҳсилоти умумии вилоят дар се баст фаъолият менамоянд.

Дар заминаи фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои раёсати маорифи вилоят хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар ҳаракати олимпӣ  фаъолона  иштирок намуда, нисбат ба солҳои қаблӣ  натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 183 ҷой (36 медали тилло, 58 медали нуқра ва 89 медали биринҷӣ) ноил гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 77 медал зиёд аст. Аз сабаби надоштани мустақилияти молиявӣ аксари марказҳо наметавонанд, ки сари вақт бо маводи методию таълимӣ, адабиёти иловагӣ, аёният ва барномаҳо таъмин гарданд.

Вазъи дохил шудани хонандагони вилоят ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад, зеро дар соли таҳсили 2018-2019 аз 49011 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ 23 265  нафар (47,4%) аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Дар ин самт шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён ва Носири Хусрав бояд фаъолияташонро ҷоннок намоянд.

 Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионии раёсати маорифи вилоят дорои 20 компютер буда, ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст аст. Муассиса айни замон 19 воҳиди корӣ дошта, дар ин ҷо барои хоҳишмандон курсҳои компютерии якмоҳаву семоҳа аз фанни технологияи иттилоотӣ ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. 

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш