Нашрияи Омӯзгор

Шунидан кай бувад монанди дидан

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Нақши маводи кишваршиносӣ дар ташаккули шавқу завқ ва фаъолияти таълимӣ-маърифатии хонандагон басо муассир аст. Вақте омӯзгор ҷиҳати шавқовар гузаронидани дарс аз воситаҳои аёнии дастисоз ва техникӣ фаровон истифода мебарад, хонандагону донишҷӯён маводи таълимиро беҳтару бештар аз бар менамоянд.

Истифодаи маводи кишваршиносӣ дар раванди омӯзиш манфиати бисёр дорад, аз ҷумла, барои сарфакорона истифода бурдани вақт ба омӯзгор кумак мерасонад, ба воситаи онҳо ҳодисаҳои гуногуни таърихиро фаҳмонидан осонтар мешавад, раванди дарсро диққатҷалбкунанда ва шавқовар мегардонад,  мушоҳидакорӣ, тасаввурот ва тафаккури хонандагонро густариш мебахшад.

Бозёфтҳои таърихие, ки бостоншиносон дар натиҷаи ковишҳо дарёфт менамоянд, дар осорхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Бисёр хуб мебуд, агар омӯзгорони ҷумҳурӣ бештар экспедитсияҳо ташкил намуда, хонандагону донишҷӯёнро ба ин маконҳо сафарбар намоянд. Тамошои осорхонаҳо ва мавзеъҳои қадимию таърихии кишвар, ба монанди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Қалъаи Ҳисор, Мад-расаи Хоҷа Машҳад, Ҳулбук, Саразм, Қалъаи Қаҳ-Қаҳа ба насли наврас дунёи наверо кушода, барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо заминаи хуб муҳайё мекунад. Бозёфтҳои таърихии Осорхонаи миллӣ (шаҳри Душанбе) инъикосгари таърихи гузаштаю имрӯзаи кишвари азизамон-Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни дарс мо-омӯзгорон метавонем аз харитаҳои таърихӣ ва сиёсӣ низ ҳамчун воситаи хуби аёнӣ васеъ истифода намоем, зеро тавассути харитаҳои таърихӣ ва сиёсӣ ҳудуди ҷуғрофии давлатҳо ва шароити табиии онҳо муайян карда мешаванд, ки ин барои донишомӯзон хеле ҷолиб аст. 

Истифодаи филмҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ дар раванди дарс аз аҳамият холӣ нест.

Мо - омӯзгорон бояд бидонем, ки воситаи аёниро дар кадом маврид истифода бурдан лозим аст, зеро истифодабарии бемавқеъ ё барзиёди асбобҳои аёнӣ ба фоидаи кор нест. Баръакс, раванди дарсу машғулиятро дилгиру дилбазан карда, диққати хонандагону донишҷӯёнро пароканда менамояд. Агар омӯзгор воситаҳои аёниро аз меъёр зиёд истифода барад, реҷаи дарсро вайрон карда, мавзӯъро пурра фаҳмонида наметавонад…

Дар умум, омӯзгор бо истифода аз маводи кишваршиносӣ ба насли наврас илму донишҳои нав ба нав дода, раванди баргузории дарсҳоро хотирмону шавқангез мегардонад.

 

Парвина Раҳмонова,

омӯзгори литсейи ДДТТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш