Нашрияи Омӯзгор

Ҳаҷв дар дарс

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Маълум, ки таълиму тарбия шаклу тарзу усулҳои зиёде дошта бошанд ҳам, василаи асосӣ дар ин маврид дарс аст. Аз ин рӯ, дарс ҳамчун муҳимтарин воситаи таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳи педагогҳо ва аҳли таҳқиқ қарор дорад. Таъкид мешавад, ки дарс бояд рангину ҷолиб, муҳтавоманду таъсирбахш ва пурсамар бошад. Барои ин аз методу усулҳои гуногун бояд истифода кард. Омӯзгорон дар ҷараёни дарс аз ахбори навин, лутфу таҳсин, ҳазлу шӯхӣ, варзиш, шеъру чистон ва амсоли инҳо ба мавриду пурсамар истифода мебаранд, то дарсашон писанди хонандагон  бошаду онҳоро ҳар чӣ бештар ба омӯзиш ҷалб намояд. Дарс набояд гаронбору дилбазан, вазнину қолабӣ бошад, дар акси ҳол завқи шогирдонро коҳиш мебахшад, онҳоро зуд хаста ва дилгир мекунад. Як василаи рӯҳбаландии хонандагон дар ҷараёни дарс истифода аз имконоти ҳаҷв аст. Маълум, ки ҳаҷв воситаи хушҳолию ханда ва рафъи хастагӣ низ мебошад. Дар адабиёти тоҷик ҳаҷв таърихи дерин дорад ва аз эҷодиёти даҳанакии халқ сарчашма мегирад. Шоирони тоҷик Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Савдо… ашъори баланди ҳаҷвӣ гуфтаанд. Дар эҷодиёти адибони маъруфи тоҷик устод Айнӣ, Деҳотӣ, Ф.Муҳаммадиев, Ҷ.Икромӣ, Б.Раҳимзода, Кӯҳзод… низ ҳаҷв мавқеи устувор дорад. Омӯзгор аз эҷодиёти ин шоиру нависандагон дар лаҳзаҳои мувофиқи дарс метавонад истифода барад. Азбаски дарс доираи маҳдуди вақт дорад, ғолибан жанрҳои хурди ҳаҷвӣ – латифаю шеърпораҳоро истифода кардан мувофиқ аст. Як латифаи хуб, ки бамавриду бадоҳатан дар дарс аз ҷониби омӯзгорон ё хонандае гуфта мешавад, боиси руҳбаландӣ ва рафъи хастагии ҳамагон мешавад. Дар рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷикӣ мунтазам латифаҳо чоп мешаванд, ки қисми муайянашон барои мактабиён мувофиқанд, аз ҳаёти хонандагони танбалу донишқимоб, хоболуду дурӯғгӯй, беодобу кӯчагард… гирифта шудаанд. Бо нақли ин гуна латифаҳо омӯзгор гӯё бо як тир ду нишон мезанад: ҳам аҳли синфро хушҳолӣ эҳдо мекунаду ҳам хонандагони беодобу танбалро мазаммат мекунад.

Кӯдакон табиатан ҳазлу шӯхӣ, хандаро меписанданд ва аз сухани лутфомезу табассумовар ба ваҷд меоянд. Хандаашон беғаму самимӣ ва дур аз ғаразу таҳқир аст. Омӯзгор, махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ ин хусусияти онҳоро бояд дар мадди назар дошта бошад ва аз ин баҳри пурсамарию ҳадафмандии ҳар як дарсаш дар қатори омилҳои дигар бояд моҳирона истифода намояд.

 

Бибираҷаб РаҷАбова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш