Дар синфҳои поёнӣ хониши ифоданок нақши барҷаста дорад ва он баҳри буррою равон хондани матнҳои гуногун, аз ҷумла, асарҳои бадеӣ ба хонандагони ин зинаи таълимӣ мусоидат мекунад. Имрӯз бисёр мегӯянду менависанд, ки мактабиён кам мутолиа мекунанд, фикрашонро дурусту саҳеҳ баён карда наметавонанд, дар муошират оҷизанд. Сабабу омили асосии ин вазъ дар қобилияти хондан ва мутолиа нуҳуфтааст. Яъне, нахуст хонанда бояд матнро хонда тавонад.
Якчанд намуди хониши ифоданок дар синфҳои поёнӣ маълум аст, ки хониши интихобӣ, хониши овозӣ (баланд), хониши ботинӣ (хомӯшона) аз ҳамин қабил ба шумор меравад. Хониши ифоданок берун аз дарс низ бояд идома ёбад. Шогирдони синфҳои 1-4 бештар бояд асарҳои бачагона, шеъру афсона ва ҳикояҳои хурди шавқовару аҷибро мутолиа кунанд, зеро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ тибқи барнома чистону зарбулмасал, латифа, масалу тезгӯякҳо, шеъру тарона ва афсона омӯзонида мешаванд. Бо ёд гирифтану аз худ кардани хониш хонанда тадриҷан ба мутолиаи ҷиддии асарҳои бадеӣ мепардозад. Тавсияи асарҳои бадеӣ барои мутолиаи хонандагон дар синфҳои поёнӣ бояд аз тариқи сода ба мураккаб сурат гирад. Дар зинаи ибтидоии таҳсил хондани асарҳои содафаҳму осонбаён бояд ба шогирдон пешниҳод карда шавад. Волидон низ дар хона масъуланд, ки аз рӯи мутолиаи фарзандон назорати доимӣ баранд. Китобҳои марғуб, шавқовар ва ба синну соли фарзандон мувофиқро аз фурӯшгоҳҳо харидорӣ намоянд. Мутаассифона, масъалаи хариди китобҳои бадеӣ аз ҷониби падару модарон дар ҳоли ташвишовар қарор дорад. Дар аксар оилаҳо китобхонаи муқаррарӣ мавҷуд нест, худи волидон кам мутолиа мекунанд. Тарбияи маънавии фарзандон дар умум ба ҳоли худ гузошта шудааст. Фарзандон аз беназоратии волидон истифода карда, вақти худро ба корҳои беҳуда, аз қабили тамошои бемақсади телевизор ва бозиҳо дар телефони мобилӣ мегузаронанд. Табиист, ки ин раванди нохуб ба ташаккули маънавии фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Маъмурияти мактабҳо бояд вохӯрию мулоқот бо шоирону нависандагонро бештар баргузор намуда, дар соҳибмаърифат гардидани шогирдон саҳми босазо гузоранд.
Ниёзбибӣ Каримова,
омӯзгори мактаби №93,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр