Бо кӯшиши Ш. Исрофилниё ва А. Раҳнамо «Шарҳи мунтахаби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ» (Барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) (Душанбе: Пайванд, 2016.-108 саҳ.) нашр гардид, ки беҳтарин асари методӣ барои таълим ва таҳлили матн ба шумор меравад. Шореҳони матни «Гулистон» дар қисмати пешгуфтори китоб маълумоти муфассале оид ба мақоми Саъдӣ дар олами адаб, моҳияти осори ӯ, хосса «Гулистон» додаанд.
Аҳамияти шарҳи мазкур дар он зоҳир гардидааст, ки шореҳон пас аз овардани матн аввал луғатҳоро шарҳ дода, сипас мазмуни матнро бо забони сода нақл мекунанд. Чунончи, пас аз овардани ин пораи матн аз қисмати «Дебоча»: «Баъд аз тааммули ин маънӣ маслиҳат он дидам, ки дар нишемани узлат нишинам ва домани суҳбат фароҳам чинам ва дафтар аз гуфтаҳои парешон бишӯяму минбаъд парешон нагӯям.
Забонбурида ба кунҷе
нишаста суммун букм,
Беҳ аз касе, ки забонаш
набошад андар ҳукм.
Маънои калимаҳо дар ин матн:
Тааммул- фикр, андеша
Нишеман- ҷой, макон
Узлат- гӯшанишинӣ, танҳоӣ, хилватнишинӣ (ба хотири зери назар гирифтани нафс)
Забонбурида- хомӯш, ором
Суммун букм -кару гунг («сумм» ҷамъи «асамм» -кар, «букм» ҷамъи «абкам»- гунг. Ибора аз ояи 18-уми сураи Бақара: «суммун букмун ъумюн фаҳум ло ярҷиъун»- Гӯё ки онон каронанд, гунгонанд, кӯронанд ва (аз гумроҳӣ) бознамегарданд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дар ин маврид иқтибоси лафзии худи ибора аст (суммун букм), на истифодаи мазмунии матни оят.)
Мазмуни матн:
Баъд аз…: Пас аз андешаи фаровон дар ин бора (дар бораи он, ки умрам беҳуда мегузарад ва марг низ наздик расида) ба ин хулоса омадам, ки беҳтар аст хилватнишиниро пеш гирам ва аз суҳбату ҳамнишинии зиёд бо мардум бипарҳезам, дафтари диламро аз гуфтори парешон тоза кунам ва минбаъд суханони беҳудаву пароканда нагӯям.
Забонбурида…: Шахси кару гунге, ки дар гӯшае нишастааст ва қудрати сухан гуфтан надорад, беҳтар аз касе, ки забонаш дар ихтиёраш (зери ҳукмаш) нест ва забонашро нигоҳ дошта наметавонад (ва аз даҳонаш суханони парокандаю беҳуда берун меояд). Мазмуни куллӣ: ҳамчун карону гунгон дар гӯшае хомӯш нишастан беҳтар аз забондарозию сухани беҳуда гуфтан аст».
Чунин усули шарҳ пеш аз ҳама барои омӯзгорони фанни адабиёт аҳамият калон дорад. Ҳамчун дастури роҳнамо омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд худаш вориди моҳияти матн гардад. Агар омӯзгор худ маънии луғотро дарк накунад, наметавонад ба хонанда онро фаҳмонад.
Ба андешаи мо, омӯзгорон, хуб мешуд «Шарҳи мунтахаби «Гулистон»-и Саъдӣ» бо теъдоди зиёд нашр мегардид, то дар мактабҳои ҷумҳурӣ хонандагону омӯзгорон аз он истифода мекарданд.
Фирӯза БАҚОЕВА,
омӯзгори мактаби №57-и
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр