«Бидон ва огаҳ бош,писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун мағелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро. Ва мардуми бааслу насаб агарчи беҳунар бувад, аз рӯи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад. Бадтар он бошад, ки на гавҳар дораду на ҳунар».
Ин пораи ҳикматбори насрӣ аз китоби машҳури Унсурулмаолии Кайковус «Қобуснома» (бо унвони «Насиҳатнома» низ машҳур аст) иқтибос шуд. Китоби мазкур борҳо (ба ҳаҷми комил набошад ҳам) бо хати имрӯзаи мо дар шакли китоби алоҳида ба нашр расидааст. Соли 1991 порае аз ин асари пурмуҳтавою калонҳаҷмро нашриёти «Адиб» бо теъдоди калон (40000) ва бо ороиши ҷолиб ба номи «Оини рӯзгор» чоп кард, ки дастраси тамоми мактабу мактабиён кишвар шуда. Таҳиягарон дар ин китобча ҳикоятҳоеро аз «Қобуснома» баргузидаанд, ки ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранду ба фаҳму дарки хонандагони синни хурди мактабӣ мувофиқанд. Дар ин ҳикоятҳо одоби хуби инсонӣ, некию накукорӣ, эҳтироми волидон, суханварӣ, қадри вақт донистан, хоксору фурӯтан будан, ҳамвора дониш омӯхтан, хашму ғазаб нигоҳ доштан, ҳалиму меҳрубон будан тарғиб ва баъзе амалу рафтори ношоистаи одамон, чун ҷоҳилию дағалӣ, шитобзадагию дурӯғгӯӣ, бешафқатию дуруштгӯӣ мазаммат мешавад.
Китобчаи «Оини рӯзгор»-ро хонандагони хурдсол худ метавонанд мустақилона мутолиа намоянд, вале омӯзгорро мебояд, ки баҳри дарки амиқу дақиқи он аз ҷониби шогирдон дар заминаи ҳикоятҳои китоби мазкур якчанд дарси тарбиявӣ баргузор намояд. Дар ин гуна дарс хондану шарҳ додани пораҳое аз «Оини рӯзгор» ва саҳнарезӣ кардани воқеоти ҳикматбори баъзе ҳикоятҳои китобча хеле манфиатбахш хоҳад буд. Ҳамчунин, судманд хоҳад буд, агар хонандагон баъзе пораҳои ҳикоятҳоро (матнҳои муроҷиати бевоситаи адибро ба фарзандонаш) азёд намоянд.
Исмияхон Давлатова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Аълочии маориф ва илми ҷТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр