Дар соли 2018 сатҳи дониши донишҷӯён ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар мактабҳои олӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоту идораҳои қудратӣ) 93,93%-ро ташкил дод.
***
Сессияи тобистонаи соли таҳсили 2017-2018 - ро бо фоизи баланди азхудкунӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов 100%, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 99,3%, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 98,9%, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 98,7%, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 98,5%, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 98,4%, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров 98,4%, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хисрав 98,3%, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 97,9%, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 97,9% ҷамъбаст намудаанд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таносуби омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта бо дарназардошти ҳамкорони дохиливу берунӣ 44%-ро ташкил медиҳад.
Соли 2018 1034 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо дипломи аъло хатм карданд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври аттестатсияи хатм сатҳи донишандӯзии хатмкунандагон ба 99,2% баробар мебошад, ки нисбат ба даври хатми соли гузашта 2,3% боло рафтааст.
Аттестатсияи хатмро бо баҳои “аъло” ва фоизи баланд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода 47,0%, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе 36,9%, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон 32,0%, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 28,6%, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 27,9%, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва дар шаҳри Душанбе 26,3%, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе 25,6%, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 23,5%, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 22,0% ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 21,0% ҷамъбаст намуданд.
Натиҷаи аттестасияи хатм бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишон дод, ки аз 86 нафар хатмкунанда 5 нафар (5,8%) баҳои аъло, 26 нафар (30,2%) баҳои хуб, 51 баҳои омехта (59,3%), 4 нафар (4,6%) баҳои қаноатбахш гирифтанд. Бартарии аттестатсияи хатм бо истифода аз технологияи муосир дар он аст, ки хатмкунанда баъд аз пурра ҷавоб додан дарҳол дар монитори компютер холҳои соҳибгардидаи худро дар се шакл (ҳуруфӣ, фоизӣ ва анъанавӣ) мебинад, ки ин усул шаффофиятро таъмин менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2018-2019 қабули довталабон ба зинаи таҳсилоти дуюм 2495 нафар, барои идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 5674 нафарро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2018 - 2019 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 2050 нафар шаҳрванди хориҷӣ (54 нафар ба гурӯҳи буҷавӣ ва 1996 нафар ба гурӯҳи шартномавӣ) қабул карда шуданд.
Дар олимпиадаи донишҷӯён, ки аз рӯи 12 фанни таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, ки аз 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 274 нафар иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст ҷойи якум насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюм Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюм Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардид.
Таҳияи Н. Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр