Нашрияи Омӯзгор

Соли хубон мерасад

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Тибқи солшумории ниёгонамон (мучал) ҳар сол бо номи мавҷудоте (ҳайвонот) пайвандӣ  дорад.

Тартиби ин номгузорӣ ва номи  ҳайвонот  дар қитъаи  зерин бисёр  саҳеҳу ҷолиб омадааст:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,

З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду  мор.

Мувофиқи солшумории  мазкури ниёгон соли  2019 соли хук аст ва ин солро маъмулан  соли хубон мегӯянд. Хук ҳайвони  маълуму  машҳур  буда, дар бисёр  минтақаҳои  ҷаҳон вомехӯрад. Ба гурӯҳи ҷуфтсумони  синфи  ширхӯрҳо дохил мешавад. Хукҳо ба ду навъанд: ваҳшӣ ва хонагӣ. Мувофиқи таъкиди олимон, ҳазорсолаҳо қабл аз ин  хукҳои хонагӣ  дар натиҷаи  ром кардани  хукҳои  ваҳшӣ  пайдо шудаанд. Вобаста ба номи сол (ҳайвонот) хусусиятҳои  солро муайян  мекунанд ва баъзе  ҳодисаву  воқеаҳоро  пешгӯӣ  менамоянд. Аз ҷумла,  пешгӯӣ  мекунанд, ки  шахси дар  ин сол тавлидёфта чӣ хулқу  хӯву сарнавиште хоҳад дошт. Таъбиргарон  ҳадс задаанд, ки  шахсони дар соли хук ба дунё  омада ғайратманд, шуҷоъ, нотарс мешаванд. Барои онҳо роҳ якест: ба пеш рафтан, ба қафо баргаштану ба ҳар сӯ нигаристанро  намеписанданд. Ба илму дониш майл доранд, пурмутолиа мебошанд, ба дӯстон содиқанд ва дар ҳеҷ ҳолате  онҳоро  танҳо намегузоранд ва зарур  ояд, барои  дӯстон ҷон фидо мекунанд. Ашхоси зери рамзи «соли хук» тавлидёфта, ҳамчунин, софдилу бовиҷдонанд, мушфиқу меҳрубонанд, дилбару  дилёбанд ва бо атрофиёнашон  муносибати хуб доранду нисбат  ба ҳама  хайрхоҳанд. Мекӯшанд, ки мушкилиҳои ҳаёташонро  ба қадри имкон мустақилона, бидуни мадади касе бартараф созанд. Қисми зиёди  зодагони  соли хук ба қуллаҳои  баланди  илму  маърифат расидаанд ва ашхоси  маъруфанд.

Истеъмоли гӯшти ин ҳайвон байни мусулмонон мамнуъ аст. Дар тиб аз гӯшти хук баъзе  дорувории босифату зудтаъсир  таҳия  месозанд. Масалан, аз ғадуди  зери меъдаи ин ҳайвон доруи  маъмули инсулин тайёр мекунанд, ки барои табобати бемории диабети  қанд истифода мешавад. Ҳамчунин, дар манбаъҳо омада, ки  мумиёро дар равғани  намакназадаи  хук ҳал карда, ба гӯш чаконанд, кариро бартараф  менамояд. Бисёр хусусиятҳои шифоии  хук аз он аст, ки решаҳои гиёҳҳои  шифобахши кӯҳиро бештар мехӯрад.

Маълум, ки дар олами  мусалмонон вожаи  хук баъзан ҳаммаъно бо лафзи  қабеҳ ва таҳқир аст, аз ин рӯ, ин солро  соли хубон мегӯянд.

Мо, омӯзгорон, ба шогирдон бояд дар бораи солҳо ва мучали онҳо дар арафаи  ҳар соли  нави мелодӣ маълумот бидиҳем. Ин барои густариши  доираи донишҳои онҳо хеле муфид аст.

Музофир ШУКРОНОВ,

омӯзгори  таърих ва ҳуқуқи

мактаби №52-и ноҳияи

Исмоили Соманӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш