Соли 2018 Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237)» ва «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №494)» омода карда шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №483 ва №484 тасдиқ карда шуд.
Тибқи тағйироти мазкур, соли таҳсил аз 34 ба 36 ҳафта зиёд карда шуда, анҷоми соли таҳсил 14 июн муқаррар гардидааст. Ҳамчунин, калимаи рейтинг ба калимаи чоряк иваз гардида, соли таҳсил ба чор чоряк тақсим карда шуд:
-чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;
-чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр;
-чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март;
-чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн.
***
Дар ҷумҳурӣ 618 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 99053 нафар (42203 духтар) кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Зиёдшавии кӯдакон нисбат ба соли 2017 6000 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ 1804 адад маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки он нисбат ба соли 2017 133 марказ зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 147 779 нафар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 11060 нафар зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 68 мактаб - интернат бо фарогирии 8371 нафар таълимгиранда амал мекунад.
Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 1 мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе) мебошад.
Дар ҷумҳурӣ 3869 муассисаи таҳсилоти рӯзона, аз ҷумла, 332 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 467 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3070 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки вобаста ба сатҳи таълим шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 20 адад ва умумии асосӣ 22 адад кам гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 41 адад зиёд гардидааст.
Теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 970 002 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 63 698 хонанда (аз ҷумла, 34 224 духтар) зиёд мебошад.
Фарогирии хонандагон ба синфи 1 ҷиҳати омода намудани кӯдакони 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ҳамасола аз 1 август оғоз гардида, имсол ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 229452 нафар (110967 нафар духтар) ба синфи 1 фаро гирифта шуд.
Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 54,6% ва азхудкунии барномаи таълимӣ 99,5%-ро ташкил медиҳад.
Соли 2018 10 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медалҳои тилло ва нуқра гардиданд.
Таҳияи Шодӣ Раҷабзод,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр