Солҳо мераванду меоянд, ҳодисаю воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд, радду бадали зиёде амри воқеӣ мегардад. Бо гузашти айём бисёр рухдодҳо аз ёдҳо мераванд, ба ихтиёри фаромӯшӣ мегузаранд. Аммо ҳодисаҳое ҳастанд, ки натанҳо бо гузашти солҳо, балки бо гузашти асрҳо низ аз хотираҳо зудуда намешаванд. Соли 2018, хушбахтона, барои халқи азизи мо ҳодисаҳои зиёди нишотбахш тақдим кард. Бегуфтугӯ, мондагортарин рухдоди ин соли файзбахш оғози фаъолияти чархаи аввали НБО-и Роғун буд. Ин неругоҳ барои минтақа аҳамияти барҷаста дорад ва бо некуаҳволии бештари халқҳои тоҷик ва халқҳои ҳамсоякишвар мусоидат мекунанд.
Дигар аз воқеаҳои мондагор дар соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани ин сол буд. Ин тадбири ватандӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат ба вусъати сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тарғиби сарватҳои моддиву маънавии мамлакат, ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кард ва ҳамчунин, боиси таваҷҷуҳу эътибори бавусъати ҳамагон ба ҳунарҳои мардумӣ гардид. Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир барои бисёр кишварҳо соҳаи сайёҳӣ ба муҳимтарин, сердаромадтарин соҳа табдил ёфтааст. Ҷалби сайёҳон ҳам ба бештар ободу рушдёфта гаштани кишвар мусоидат мекунаду ҳам боиси шуҳрат афзун намудани мамлакат мегардад. Тоҷикистони мо диёри офтобию зебою афсонагун аст. Табиати он дили ҳазорон ҳазорро мафтун мекунад, зебоиҳояш тамошобинро ба ҳайрат меоварад, обҳои тозаю мусаффояш назир надоранд, ҳавояш рӯҳбахшу дилнавоз аст. Ёдгориҳои таърихии кишварамон ва мавзеъҳои куҳанбунёдаш ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда. Мо бояд ин ҳамаро муаррифию тарғиб карда тавонем, то таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб ва дороияшонро тарғиб намоем.
Тоҷикон табиатан мардуми ҳунарвару ҳунарманданд ва ба ибораи маъмул, даҳ ангушташон ҳунар аст. Ҳунарҳои куҳану навини ин халқи тамаддунпарвар дар сатҳи ҷаҳон камназиранд ва бинандагонро ба ваҷд меоваранд.
Ба шарофати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иддаи зиёди ҳунарҳои мардумӣ аз нав таҷдид гардиданду дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтанд. Намоишҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол боз ҳам дастони эъҷозофарини тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Хушбахтона, аҳли маориф низ ин солро ба таври шоиста таҷлил намуданд ва махсусан, барои эҳё, тарғиб ва омӯзиши васеи ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёди таблиғотию маърифатиро сомон бахшиданд. Бовар дорем, ки минбаъд низ омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби насли наврас фаъол идома меёбад.
Хотун Ҷумъабекова.
омӯзгори таърих
Иловакунӣ
Иловакунии фикр