Соли 2018 дар таърихи Тоҷикистони азиз ҳамчун соли комёбиҳои бузург ва соли ободкориҳо сабт шуд. Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли кишварро водор кард, ки боз ҳам серғайрату фидокортар бошанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 олами илму адаб ва фарҳангу ҳунари моро ғанитар кард. Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ ёбанд. Аз файзи пешниҳоди ҷолиб наврасону ҷавонони мо фаъолона рӯ ба ҳунаромӯзӣ оварданд. Тарғиби ҳунар як ҷузъи муҳими дарсҳо гашт. Омӯзгорони фидокору ҷӯянда дар вақти таълим дар лаҳзаҳои муносиб арзиши касбу кори гуногунро ба шогирдон талқин карданд. Ба хотири оммавӣ кардани ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ озмунҳои гуногун дар байни духтарону писарон гузаронида шуданд. Духтарони мо асрори ҳунарҳои гулдӯзӣ, нақшкашӣ, тарроҳӣ, мусаввирӣ, рангрезӣ ва ғайраро пурра омӯхтанд. Яъне, барои корҳои оянда заминаи сазовор гузошта шуд. Давраи минбаъдаи фаъолияти мо бояд бо ҳамдастии падару модарон ва сохторҳои масъул ҷараён бигирад. Мо дар давоми сол тавонистем, ки хориҷиёнро ба дидани кишвари зебоманзари худ ҷалб кунем. Онҳо дар баробари тамошои водиҳои гулпӯшу дараҳои сердолу дарахт ва шаҳру деҳоти назаррабо бо ҳунарҳои мардумӣ ошно шуданд. Ҷӯробҳои помирӣ, рӯйҷо, дастархонҳои гулдор, сачоқҳои нарму нақшин, маҳсӣ, тоқиҳои чоргули занонаю мардона, пироҳанҳои гуногундӯхт меҳмононро мафтун карданд. Онҳо ҳамчун армуғон аз Тоҷикистон он чизҳои ҷолибро харида ба ватани худ бурданд. Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 роҳи ҳунаромӯзии наврасону ҷавонони моро ҳамвор кард.
Раъно БОБОЕВА,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии литсейи
инноватсионии
Донишкадаи
технологии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр