Дар толори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон бахшида ба 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии адиб, олими математика ва мусиқишиноси асили тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ конфронс баргузор шуд.
Дар он омӯзгорон оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабӣ ва илмии ин ду ситораи тобони самои илму адаб суханронӣ карданд. Сипас хонандагон аз ашъори Сайидои Насафӣ, Наҷмиддини Кавкабӣ порчаҳои назмӣ ва насрӣ қироат карданд ва саҳначаҳо намоиш доданд.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр