Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон ҷовидон пурнур гашт

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Соли 2018 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соле гардид, ки дар таърихи  мамлакат бо ҳарфҳои заррин  нигошта хоҳад шуд.

Дар ин сол (16 ноябр) орзую талошҳои дерини халқи тоҷик ниҳоят ҷомаи амал пӯшид ва нахустчархаи  Неругоҳи барқи обии Роғун фаъол  карда шуд. Нахустчархаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмачаи махсус ба кор дароварда, зимнан иброз  доштанд: «Роғун бо истифода аз манбаи  таҷдидшавандаи истеҳсоли  неру ва барқи аз лиҳози  экологӣ  тозаи худ ба ҳамаи  кишварҳои  минтақа хизмат карда, обанбори  он барои  танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобию хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид… Оғози кори «Роғун» - кохи бузурги  нур, шарти  пешрафти  устувори Ватан, рӯзгори обод ва рӯи  сурхи ҳар як фарди мамлакат муборак бошад, ҳамватанони азиз!»

Воқеан, НБО-и Роғун  марҳилаи бузургу нишотбахше гардид барои  халқи нурофари тоҷик . Бо оғози истифодаи  он ҷумҳурии мо барои ҳалли комили яке аз ҳадафҳои асосии  стратегии  худ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами қатъӣ ба пеш гузошт. НБО-и Роғун ҳам барои  Тоҷикистон ва ҳам барои ҷумҳуриҳои  ҳамҷавор аҳамияти бағоят бузург дорад. Он миллионҳо хонадонро  мунаввар месозад, ҳазорҳо корхонаву муассисаро бо барқ таъмин мекунад ва ба обёрии масоҳати  бузурги  заминҳои  ташналаби  Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд.

Оғози фаъолияти  ин неругоҳи азимро тамоми ҷаҳониён – аҳли тамаддун бо қаноатмандӣ истиқбол гирифтанд. Коршиноси соҳаи энергетика,  профессори  Донишгоҳи  миллӣ – таҳқиқотии сохтмони  Москва Валентин Берлин гуфтааст: «НБО-и Роғун аз он ҷиҳат ҳам муҳим аст, ки  оби  рӯдхонаҳои  ҷориро  бо мурури  вақт дар худ захира мекунад. Бо ин бартариаш неругоҳ на танҳо барқ тавлид мекунад, балки  дар оянда барои кишварҳои  минтақа ҳамчун  манбаи захираи об хидмат хоҳад кард».

Неругоҳи  Роғун  калонтарин дар Осиёи  Марказӣ буда, дорои баландтарин  сарбанд – 335 метр мебошад. Ин иншооти азим бо неруи  шикастнопазири  халқи тоҷик  бунёд  гардид. Он бори дигар неруи  Истиқлолиятро  собит  сохт ва  далели  он гашт, ки  Тоҷикистонро ояндаи  боз ҳам дурахшонтару  пуршарафе  дар пеш аст. НБО-и  Роғун  халқҳои  зиёдеро  ба ҳам оварду дӯсту бародар  кард, бо кори  доимӣ таъмин намуд. Ба қавли  шоире:

Ин ҷаҳони бекарон пурнур гашт,

Аз замин то осмон пурнур гашт.

Халқи мо аз маҳбаси зулмат

бираст,

Тоҷикистон ҷовидон пурнур

гашт.

 

Кимиё Ҳалимова,

омӯзгори физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш