Яке аз рамзҳои асосии ҳастии ҳар давлате пойтахти он аст ва ҳатто дар бис-ёр мавридҳо номи пойтахт бо номи давлат ҳамвазну ҳаммаъност.
Аз ин ҷост, ки барои мо, тоҷикону тоҷикистониён, пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе мақому мартабаи баланд дораду аз муҳимтаринн аркони давлату давлатдориамон маҳсуб меёбад. Ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифату худогоҳи ҷумҳурӣ бояд дар бораи пойтахт муълумоти кофӣ дошта бошад.
Албатта, дар дарсҳои таърих аз ин лиҳоз ба хонандагон маълумот дода мешавад, вале аз зинаи аввали таҳсилот хонандагон бояд нуктаҳои асосиро дар бораи шаҳри Душанбе донанд. Аз ҷумла, бояд донанд, ки Душанбе кай мақоми пойтахтро гирифтааст, ин ҷо чӣ муассисаҳои марказию муҳими давлатӣ қарор доранд, пойтахт будан чӣ маъно дорад, кӯчаву хиёбону мавзеъҳои асосии таърихӣ ва мактабҳои олии шаҳри Душанбе кадомҳоанд… Дар ин самт саёҳат ба пойтахт (онҳое, ки имкон доранд) тадбири асосӣ ҳисоб меёбад. Шогирдонро мебояд, ки махсусан, оид ба мавзеъҳои зерини пойтахт маълумот дошта бошанд: Қасри миллат, муҷассамаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Ибни Сино, Ҷомию Навоӣ, боғи Рӯдакӣ, боғи Аҳмади Дониш, боғи Фирдавсӣ, бинои Парлумони мамлакат, театрҳо, Филармонияи давлатӣ, Боғи ҳайвонот, Боғи ҷавонон, Наврӯзгоҳ, варзишгоҳи марказӣ, осорхонаи миллӣ, Боғи миллӣ, фурудгоҳ ва истгоҳи қатораҳо…
Хушбахтона, солҳои охир шаҳри Душанбе бештар аз пештар ободу зебо мешаваду пайваста мешукуфад. Соли 2018 барои пойтахти мо соли бемисли созандагиву бунёдкориҳо буд. Дар давоми сол чеҳраи пойтахт хеле тағйир ёфт, муҷаллотар гашт. Дар як муддати кӯтоҳ биноҳои зиёди баландошёнаи хуштарҳ ба ҳусни шаҳр ҳусн афзуданд. Бо ибтикори шахрдорӣ дар тамоми маҳаллаҳо майдончаҳои фароғатию варзишӣ барои кӯдакону наврасон бунёд гардиданд. Аксар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз нав мумфарш карда шуданд. Дар қисмати ғарбии шаҳр аввалин эстакадаи нақлиёт ба истифода дода шуд ва бунёди ҳамин гуна иншоот дар қисмати Қарияи боло идома дорад. Дар давоми сол якчанд боғи нави муҷаҳҳази замонавӣ бо тарҳу намуди дилрабо бунёд карда шуд, ки боғҳои Ҷомию Навоӣ, Аҳмади Дониш, Восеъ ва Фирдавсӣ аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар пойтахт ободониву созандагӣ бо авҷ идома дорад ва сокинони шаҳри Душанбе чун аҳли мамлакат ба 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳаматарафа омодагӣ мегиранд. Муҳтавои байти машҳури «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе» сол то сол воқеитар мегардад.
Гадобегим ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр