Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида 80-солагии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. ғафуров, устоди зиндаёд Абдуқодир Зоҳидов конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Инсони комил ва забоншиноси беназир” баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ки дотсент Абдуқодир Зоҳидов муҳаққиқи варзидаи риштаи забоншиносӣ буда, дар умри пурбаракати худ бо дарки эҳсосу масъулият ва рағбати тамом ба шогирдон илми забон омӯзонида, пайваста дар андешаи такмили дониш, ташаккули тафаккури шогирдон буд.
Ҳамзамон дотсент, декани факултаи филологияи тоҷик Муҳаббат Тиллохӯҷаева оид ба фаъолияти омӯзгории устод, мақолаҳои илмию тадқиқотии забоншиносӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва хусусиятҳои меҳнатдӯстиву дақиқкории устоди марҳум ишораҳои амиқу дақиқ кард. Мӯсо Олимҷонов, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, дар мавзӯи “Муруре ба хидмати дотсент Абдуқодир Зоҳидов барои забоншиносии тоҷик” маърӯза намуд.
Раёсати донишгоҳ дар арафаи таҷлили 80-умин солгарди мавлуди дотсент А. Зоҳидов маҷмӯае таҳти унвони “Пайванди сухан” таҳия ва нашр намуд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр