Нашрияи Омӯзгор

ДДТТ: Соли комёбӣ ва фараҳу шодмониҳо

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар давоми як соли сипаригардида ҳайати  устодону профессорони Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани таҳсили босифати донишҷӯён ба масъалаҳои ташкилӣ, ободонӣ, фаъолияти шогирдон  дар самтҳои корҳои илмӣ, фарҳангу маърифати  ҷавонон  низ аҳамияти  ҷиддӣ доданд. Дар  поёни соли нави мелодӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои сол дар донишгоҳ ҳамоиш барпо гардид. Дар он як қатор ректорони мактабҳои олии шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар ифтитоҳи чора-бинӣ ректори ДДТТ Ҳамидуллохон Фақеров ба ҳозирин иттилоъ дод, ки соли 2017 барои маъмурияти донишгоҳ соли бобарор буд. Воқеан ҳам, ҷавонон неруи  пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлоланд. Беҳуда  набуд, ки Сарвари давлат соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон доштанд.

- Шогирдони  дониш-гоҳи мо низ чун дигар муассисаҳои олии касбии мамлакат дар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявии байни донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд, - афзуд Ҳ. Фақеров.

Ба ғолибони озмунҳо Сипоснома, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни донишгоҳӣ ташкил гардида буд, ки дар он донишҷӯи курси 2 – юми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон, гирандаи стипендияи барномаи Эразмус+  Навбаҳори Саидзода барои ба даст овардани ғолибият дар озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Донишҷӯйи соли 2017» (бахшида ба Соли ҷавонон )  ба даври дуюми ҷумҳуриявӣ  иҷозат  дода  шуд. Вай бо диплом ва  маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ мукофотонида шуд ва барои  идомаи таҳсил ба муддати 6 моҳ дар Донишгоҳи Пизами давлати Италия роҳхат гирифт.

Носирҷон Бӯриев, сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм донишҷӯёнро аз номи ҳайати мушовараи вазорат бо ғалабаҳояшон дар озмунҳо табрик гуфт.

Гурӯҳи ҳунарии донишгоҳ – «Тоҷири  Аҷам» бо рақсу сурудҳои хеш хотири ҳозиринро  шод гардонд.

 

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш