Нашрияи Омӯзгор

Ифротгароӣ ва пешгирии он

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва  ифротгароӣ  ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. 

Махсусан, дар даҳсолаҳои охир   шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти давлат халал ворид менамоянд, аз қабили ТТЭ ҲНИ, ҷараёнҳои террористии ваҳҳобия, салафия, Ихвон-ул-муслимин ва ғ.  мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус, қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

Мутобиқи маълумоти бадастомадаи коршиносону ҷомеашиносон ва таҳлилу мушоҳидаҳои мо омилҳои зерин ба густариши ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Тоҷикистон ба таври мустақим таъсир мерасонанд :

1.  Омода набудани ҷавонон аз нигоҳи идеологӣ ва сиёсӣ. Ё ба сухани дигар маълумоти комил надоштани онҳо аз моҳият ва таълимоти ахлоқиву фикрии дини мубини ислом. Бинобар  ин, кӯтоҳандешӣ ва гумроҳӣ  қисме аз шаҳрвандони моро ҳатто ба минтақаҳое бурдааст, ки ҷангзадаву ноором аст ва  баъзе аз онҳо дар амалиётҳои зиддиинсонӣ иштирок мекунанду хуни ноҳақ мерезанд. 

2. Омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, махсусан, бекорӣ ва коррупсия.

3. Тарғибу ташвиқи мунтазам  аз тариқи воситаҳои ахбори омма, бахусус, тавассусути шабакаи ҷаҳонии Интернет  ба муқобили арзишҳои фарҳангии миллӣ ва динӣ.

4. Муҳоҷират ба Федератсияи Россия, ки дар он ҷо муҳоҷиронро аз ҳар лиҳоз барои иштирок ва размидан дар ҷиҳод ба давлати Сурия омода мекунанд.

5. Фирефта шудани мардум, аз ҷумла, ҷавонон ба ваъдаҳои дурӯғини эмиссарони хориҷӣ.

6. Таълиму тадриси ғайриқонунии ҷавонон  дар марказҳои исломшиносии хориҷӣ...

Баробари таълиму тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллати мо ҳастанд,  онҳоро  ба таври пайваста бояд ҳушдор намоем, ки  ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.  Ба фарҳанги  бегона ва бегонапарастӣ хотима бахшанд, аз арзишҳои миллӣ ва маънавии худ истифода баранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба андешаи сиёсатмадорони дунё сулҳ дар Тоҷикистон вазъияти муътадили минтақаро, ки ба он экстремизму терроризм ҷиддӣ таҳдид менамуд, устувор сохт. 

Дар робита ба ин метавон гуфт, ки тарбия ва омода намудани мутахассисони  забондон, аз усулҳои нави идоракунӣ, илмҳои замонавӣ, системаи иттилоотӣ ва технологияи компютерӣ бохабар, дорои одобу ахлоқи ҳамида,  ватанпарвару ватандӯст ва ба иҷрои вазифаи хизматӣ содиқ яке аз вазифаҳои муҳими  ҳар як фарди ҷомеа  мебошад.

Мо бояд ба қадри осудагӣ расем, ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем.  Зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа ва умуман, рушди минбаъдаи миллатамонро пуштибонӣ намоем. Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдат мо ба ҳадафҳои бузурги давлатамон расида истодаем. 

 

Садриддин Мирзозода,  

дотсенти кафедраи адабиёти 

классикии тоҷики ДДХ ба  

номи академик Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш