Яке аз воқеоти барҷастаи ибтидои асри бисту як рушди ҷараёни ҷаҳонишавӣ мебошад. Он байни халқҳою миллатҳо муносибатҳои нав, ҳамбастгиҳои тозаи иқтисодию иҷтимоӣ, диди навро ба миён овард.
Дар ин давра, мутаассифона, падидаҳои номатлубе низ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо терроризму экстремизм ном гирифтаанду барои башарият пайваста хатар эҷод мекунанд, боиси фоҷеаҳо мешаванд. Мафкураю андешаву аҳдофе, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тарғибу пайгирӣ мекунанд, ба қонуниятҳои рушди ҷомеа созгор нестанд, ба пешрафту шукуфоии ҷамъият халал мерасонанд. Нахустматлаби терроризм халалдор сохтани осоиштагию амнияти мардум, коштани тухми тарсу ҳарос байни аҳли сайёра, воҳимаангезию иғвогарӣ мебошад. Ҳамчунин, бо ин ҳама омоли ноҷавонмардонаву ифротгароёнаи худ гурӯҳҳои мазкур ба неруҳои давлатӣ, ба давлату давлатдорӣ халал расонидан мехоҳанд. Террористону экстремистон мехоҳанд барои манфиатҳои худ давлатҳоро, сиёсатмадоронро беобрӯ кунанд, онҳоро ба қабули қонунҳои дур аз манфиати ҷомеа водор бисозанд. Экстремизм як шохаи фаъолияти ифротгароён буда, аососан ба дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, вусъат бахшидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бадбинии иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Экстремизм зӯроварии хусусиятҳои сиёсӣ дошта мебошад. Ба экстремизму терроризм ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тафриқаандозӣ ва ҳаракатҳои авбошӣ хос аст. Аъзои ин гуна гурӯҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пурғаразу мардумбадбинонаи худ истифода мебаранд, чун ниқоб ба рӯ мекашанд. Шиорҳои динпарастонаи онҳо аслан ғаразолудаанд, тахрибгароёнаанд.
Амалҳои даҳшатноку пурзиёни террористӣ, ки солҳои охир дар Сурияву Ироқ, Россияву Фаронса, Покистону Амрико ба вуқӯъ пайвастанд, бори дигар то кадом сатҳ хатарнок будани ин гурӯҳҳои бадкирдорро таъкид намуданд. Ҳоло созмони ифротии «Давлати исломӣ» яке аз неруҳои бузургу пурмуҳтавои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки пайваста амалҳои манфури зиддибашарӣ содир менамоянд. Тоҷикон мардумони сулҳдӯсту башарпарваранд ва мунтазам бар зидди террористону экстремистон овоз баланд мекунанд. Соли равон аҳли кишвар якдилона бар зидди амалҳои хоинонаву манфиатҷӯёнаи ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ овоз баланд кардаву онро сахт маҳкум бинмуданд. Собит гашт, ки сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азиз моро дигар ҳеҷ неруе халалдор карда наметавонад.
Экстремизму терроризм гурӯҳҳоеанд, ки поёни роҳашон ба варта аст, зеро таърих собит кардааст, ки «бори каҷ ба манзил намерасад».
Фарангис Гулматшоева,
омӯзгори забони русии
мактаби №57,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр