Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Калима ва ибораҳои туфайлӣ» аз фанни забони тоҷикӣ дар синфи 8 аз сарчашмаю адабиёти иловагӣ эҷодкорона истифода мекунам. Дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 8 (муаллиф Саидамир Аминов), ки бо забони содаю фаҳмо таълиф гардидааст, мавзӯъҳо бо овардани ҷумлаҳо ва матнҳои пурмуҳтаво аз осори адибони тоҷик шарҳу тавзеҳи ҳаматарафа дода шудаанд. Аз ҷумла, мавзӯи «Калима ва ибораҳои туфайлӣ» низ бо иҷрои машқи 1 шурӯъ мешавад. Шарти машқ чунин аст: Хонед ва гӯед, ки калимаҳои ишорашуда чӣ тавр барои дигар шудани маънои ҷумлаҳо таъсир расондаанд.
Хушбахтона, зимистони имсола чандон хунук намешавад.
Ба назарам, зимистони имсола чандон хунук намешавад.
Ҳатман, зимистони имсола чандон хунук намешавад.
Ба хонандагон мефаҳмонам, ки дар ҷумлаи якум калимаи «хушбахтона» изҳори хурсан-дию хушҳолиро ифода мекунад. Дар ҷумлаи дуюм тахмин ва гумону шубҳа ва дар ҷумлаи сеюм таъкиди гӯяндаро дарбар гирифтааст. Аз таҳлили ҷумлаҳои мазкур хулосабарорию натиҷагирӣ мекунем, ки калимаҳои «хушбахтона», «ба назарам» ва «ҳатман» аслан аъзои ҷумла нестанд, чунки ба суол ҷавоб намешаванд. Аз ин рӯ, ин калимаю ибораҳо ҳангоми навишт бо вергул ҷудо карда мешаванд. Аз ин хулосаи мо таърифи калима, таркиб ва ибораҳои туфайлӣ чунин бармеояд:
Калима, таркиб ва ибораҳое, ки ба фикри баёншуда чӣ гуна муносибат доштани гӯяндаро нишон медиҳанд, аъзои туфайлӣ ном доранд: Мактуби ту, ҳақиқатан, маро хеле хурсанд кард. Хайрият, ки Носир, ту он воқеаро фаромӯш накардаӣ.
На танҳо калима, балки таркиб, ибора ва ҷумлаҳо ҳам метавонанд туфайлӣ шуда оянд ва тобишҳои гуногуни маъноиро ифода намоянд.
Якҷо бо шогирдон машқи 7-ро иҷро мекунем. Шарти машқ тақозо мекунад, ки ҷумлаҳоро хонда, калимаҳои туфайлиро ёбед ва тобишҳои маъноии онҳоро шарҳ диҳед. Ҳамин тавр, дарс ба таври ҷолиб идома меёбад.
Бояд зикр намуд, ки дар китоб ба баъзе ғалату нофаҳмиҳо роҳ дода шудааст. Аз ҷумла, дар машқи боло калимаи «ошно»-ро ҳамчун аъзои туфайлӣ пешниҳод кардаанд, ки хатост. Ошно дар ин ҷумла мухотаб аст, на калимаи туфайлӣ.
Ҳамин ғалат дар машқи 3 низ ба чашм мерасад.
Ба хонандагон машқи 12 ва навиштани эссеро дар мавзӯи «Барфи аввал» дар хона супориш медиҳам.
Ситора Шодиева,
омӯзгори мактаби
№46-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр