Дар ҷумҳурӣ 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 17-тои онҳо ғайридавлатианд.
***
Дар кишвар 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амал ва аз рӯйи 96 ихтисос мутахассис омода менамоянд.
Соли 2018 довталабони 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд. Дар соли таҳсили 2019 қабул ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (новобаста аз шакли ҳуқуқиашон) тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 24 841 нафар донишҷӯ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тариқи анъанавӣ дохил шуданд. ***
Соли 2018 822 нафар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм карданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 188 нафар зиёд аст.
Соли таҳсили 2018 – 2019 қабули довталабонро шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии назди коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ – 87 фоиз, коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе - 50, коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ – 66, коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷ. Расулов – 71, коллеҷи техникӣ – технологии назди ТҶММ Ҷумҳурии Тоҷикистон -38, коллеҷи политехникии ДДД – 100, коллеҷи технологӣ – инноватсионии назди Донишгоҳи омӯзгории Панҷакент – (ғайридавлатӣ) - 48, коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат – 97, коллеҷи технологии шаҳри Душанбе - 49, коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ – 95 ва коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфова – 61 фоиз иҷро карданд.
Таҳияи
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр