Нашрияи Омӯзгор

Инсони ботарбия – неруи миллат

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Таълиму тарбия  бо ҳам иртиботи доимӣ  ва ногусастанӣ доранд ва аслан ба яке аз онҳо бартарӣ додан доварии оқилона нест. Ин мавзӯъ солиёни зиёдест, ки  мавриди таваҷҷуҳ ва муҳокимаву  мулоҳизаву баррасии  олимони  соҳаи педагогика қарор  гирифтааст. Аксар таълиму тарбияро  такмилбахши ҳамдигар медонанд, вале  дар ниҳоят ба мақоми  афзалтаре  доштани  тарбия  нисбат ба таълим  таъкид  мекунанд. Ба таъкиди  бузургон, тарбия  одамофар  аст ва мақол меоваранд, ки шахси  бетарбия  сазовори  номи  одамӣ набувад, ӯ аз одамият  фарсахҳо  дур аст. Барои  он ки  кӯдак ба омӯзишу таълим  майл оварад ва бо иштиёқу меҳру муҳаббат ба таҳсил пардозад, устодашро эҳтиром  намояду ба ҳарфу  ҳиҷои ӯ эътиқодманд бошад, ӯро нахуст бояд ба  тарбия фаро гирифт. Муносибати ҷиддӣ ба кӯдак аз тарбия оғоз мегирад, на аз таълим. Тарбияи  шоиставу ҳадафмандона ва муассири кӯдак маънои дурусту қавӣ бунёд кардани зербинои  умри  ӯст. Зербино муқтадир бошад, бино устувору  пойдору муҳташам мешавад, аз гармову сармои  зиндагӣ  газанде  намебинад. Саъдии Шерозӣ, ки муаллими  ахлоқаш меноманд, ин маъниро ба гунаи  зер таъкид бинмудааст: «Дар хурдӣ таъсири тарбият бештар шавад, аз он ки дар бузургӣ».

Мундариҷаву муҳтавои  тарбия бо инкишофи кӯдак ботадриҷ  вусъат меёбаду фарогиртар  мешавад. Албатта, муҳимтарин марҳилаи  тарбияи кӯдак бо мактаб ҳамбастагӣ  дорад. Мактаб-ро макони таълиму  тарбия мегӯянд. Агар муҳимтарин ҷанбаи  фаъолият ва омӯзиши хонанда дар мактаб дарс бошад, пас маълум, ки  ҳар як дарс (новобаста аз фанни  таълимӣ) ҳатман  ҷанбаи тарбиявӣ дорад ва илова  бар ин, бо ҳадафи  мукаммалу  пурсамар будани тарбияи  хонандагон  ҳафтае  як маротиба дарси  тарбиявӣ  баргузор карда мешавад. Мақсади асосии  созмонбахши  силсилаи  вохӯриву ҳамоишҳо, конфронсу озмунҳо, ҷашнвораву  мубоҳисаҳо дар мактаб низ мусоидат ба тарбияи ҳаматарафа ва ҳар чӣ бештар таъсиргузору  самарбахши  насли  наврас  мебошад. Омӯзгорони соҳибтаҷрибаву варзида мекӯшанд, ки барои тарбияи комили шогирдон аз муассиртарин методу  усулҳо истифода баранд. Шогирди боодобу хушрафтору некусухан боиси ифтихори ҳар як  устод аст.

Маълум, ки тарбия мафҳуми басо  пурғунҷоиш буда, самтҳо, ҳадафҳо, хусусиятҳо ва омилҳои гуногун дорад. Дар мактаб, пеш аз ҳама, ба тарбияи ватандӯстиву рафоқат ва эҳтироми  ҳамдигар таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ин ҳолат  ба ҳушёру  бедор, хушрафтору таҳаммулгаро  ва дорои  ҷаҳонбинии  бавусъату мукаммал гардидани  насли  наврас  мусоидат  мекунад. Соҳиби ин гуна хислатҳо будани  наврасону  ҷавонон, махсусан, дар замони мо, ки воситаҳои  тарғиботию иттилоотӣ инкишоф ёфтаанду фаъол  гардидаанд ва мутаассифона, қисмате  ҷанбаи  ифротгароёнаю иғвоангез  пайдо  кардаанд, хеле муҳим аст. Чун нав-расону ҷавонони мо  тарбияи дуруст  мегиранд, аз фирефташавӣ эмин мемонанд, ба роҳи каҷ намераванд, аз иғвогарону  ифротгароён дурӣ меҷӯянд ва ба халқу ватани  худ содиқ мемонанд. Ватан ҳамеша ба чунин фарзандон эҳтиёҷманд аст, зеро онҳо таъмингари  фардои боз ҳам шукуфотари халқу миллати хешанд. Дар ин ҷода мо, омӯзгорон, масъулияти  азим дорем. Вазифаи мост, ки баҳри  тарбияи  дурусту боҳадафи шогирдон пайваста  ҷидду ҷаҳд намоем ва доираи  корҳои  тарбиявиро дар мактаб ҳар чӣ  бештар  густариш бубахшем.

 Улуғбек НУРМАМАТОВ,

омӯзгори мактаби байналмилалӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш