Нашрияи Омӯзгор

Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ,  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 21-22 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилзода, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳи маориф Хоналӣ Қурбонзода, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, директори барномаҳои маорифи Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев, мутахассиси бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эраҷ Содатсайров ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ карданд.

Донишҷӯёни коллеҷи  техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ба воситаи тарҷумаи махсус (сурдоперевод) чанд суруд пешкаши ҳозирин гардониданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Арманистон Арменуи Авакян дар мавзӯи „Вазъи соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Арманистон: ислоҳот дар мактабҳои махсус ва инклюзивӣ“, Лола Муминова (Ӯзбекистон) дар мавзӯи „Такмили кумаки давлатӣ ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар Ӯзбекистон“, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус ба номи Максим Танк Светлана Феклистова дар мавзӯи „Маҷмӯи кумакҳои барвақтӣ ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ҳамчун зинаи аввали таълими фарогир: нишондодҳои муваффақият“, директори Маркази таҳсилоти миёнаи Академияи миллии таҳсилот ба номи И. Алтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон Манара Адамова дар мавзӯи „Мушкилоти ҷалби бачаҳои маъюби дар хона таҳсилдошта ба мактабҳои ҳамагонӣ“ ва дигарон маърӯза карданд.

 

 Дилафрӯз Қурбонӣ,

„Омӯзгор“


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш