Имрӯз масъалаи таълиму тарбия дар тамоми дунё дар меҳвар қарор дорад. Аксари кишварҳои пешрафтаи дунё талош меварзанд, ки соҳаи маорифашон рушд ёбад ва барои ин маблағҳои ҳангуфт ҷудо менамоянд. Шоистаи таъкид аст, ки соҳаи маорифи кишварҳои Осиё низ дар ҷаҳон беҳтарин ҳисобида мешавад.
1. Кореяи Ҷанубӣ
Дар ин радабандӣ Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Япония ва Кореяи Ҷанубӣ барои мақоми аввалро соҳиб гардидан дар соҳаи маориф бо ҳам дар сабқатанд. Лекин соҳаи маорифи Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми аввал қарор дорад, новобаста аз он, ки инвеститсияи зиёд дар соҳаи маорифи Япония амалӣ карда мешавад. Дар Кореяи Ҷанубӣ хонандагон дар ҳафта 7 рӯз ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Соли 2018 ба соҳаи маорифи Кореяи Ҷанубӣ 429 трлн вон (382,6 млрд) ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 7,1 фоиз зиёд аст. Соли 2017 400,5 трлн вон ба соҳаи маориф ҷудо гардида буд. Сатҳи маълумотнокӣ дар Кореяи Ҷанубӣ – 97,9 фоизро ташкил медиҳад.
2. Япония
Япония кишвари пешрафтатарини ҷаҳон дар соҳаи рушди технологияи навтарини муосир ба ҳисоб меравад. Ҷавонони ин мамлакат беҳтарин муассисаҳои олиро хатм менамоянд. Соҳаи маориф дар ин кишвар афзалиятнок ҳисобида мешавад. Дар ин давлат ҳамаи корҳои назариявӣ дар амал тадбиқ мегарданд ва таҷриба ҷавҳари дарсро ташкил медиҳад. Тавре ки расонаҳои хабарӣ бо истинод аз сарвазири Япония Синдзо Абэ далел меоранд, ба рушди соҳаи маориф соли 2018 4 трлн иен (35,6 млрд) ҷудо карда шудааст.
3. Сингапур
Дар Сингапур барои таҳсил беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Раванди таълим дар Сингапур хуб роҳандозӣ гардида, малакат дар радифи беҳтарин давлатҳои ҷаҳон қарор дошта, соҳаи маорифи ин кишвар дар дунё мақоми сеюмро касб мекунад. Соли 2017 баҳри рушди соҳаи маориф Сингапур 12,7 млрд доллари сингапурӣ ҷудо карда шудааст.
4. Гонконг
Низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Гонконг мактабҳои британиро ба хотир меорад. Зинаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбии ин кишвар дар ҷаҳон мақоми баландро соҳиб мебошанд. Таълим дар ин давлат бо забонҳои хитойӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст. Маълумотнокӣ дар ин мамлакат 94,6 фоизро ташкил медиҳад.
Соли таҳсили 2017-18 ба соҳаи маорифи Гонконг 88 507 млн доллари гонконг ҷудо гардида буд.
5. Финляндия
Финляндия мамлакатест, ки соҳаи маориф дар он хеле рушд ёфтааст. Низоми таълими ин мамлакат мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор гирифтааст ва аксаран ин таҷрибаро дар давлатҳои хеш амалӣ мекунанд. Соли 2016 баҳри рушди соҳаи маориф дар ин мамлакат 13 063 млн евро ҷудо гардида буд.
6. Британияи Кабир
Баҳо додан ба соҳаи маорифи Британия Кабир кори осон нест, зеро сифати таълим дар минтақаҳои ин давлат гуногун аст. Дар Шотландия, Англия, Уэлс ва Ирландияи Шимолӣ ин раванд ба таври ҷудогону баҳогузорӣ карда мешавад. Лекин коршиносон маорифи Британияи Кабирро дар Аврупо яке аз беҳтаринҳо медонанд, аз ин рӯ, дар ҷаҳон он мақоми шашумро соҳиб гардидааст.
Ҳамасола баҳри рушди соҳаи маорифи ин кишвар 84,9 млрд фунт стерлинг ҷудо мегардад.
7. Канада
Таълим дар ин давлат бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ роҳандозӣ гардидааст. Маълумотнокӣ дар Канада 99 фоизро ташкил медиҳад. Рейтинги баландро миёни хатмкунандагон донишҷӯёни коллеҷ соҳиб мебошанд. Таҳсили ҳатмии то 16-сола дар ин мамлакат ҷорӣ аст.
8. Нидерландия
Соҳаи маорифи Нидерландия дар Аврупо яке аз беҳтаринҳост. Дар он раванди таҳсил ва омодагӣ ба мактабҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, сифати таҳсил ва маълумотнокӣ баланд аст. Таваҷҷуҳи давлат ба соҳа зиёд буда, ҳамасола ба ин мақсад маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.
9. Ирландия
Маълумотнокӣ дар мамлакат 99 фоизро ташкил медиҳад . Таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ бепул роҳандозӣ гардидааст. Ҳукумати Ирландия ҳамасола ба соҳаи маориф 8. 759 млрд евро ҷудо мекунад.
10. Полша
Дар Полша беҳтарин соҳаи маориф дар Аврупо амал мекунад, аз ин рӯ, дар қатори 10 давлати беҳтарин дар соҳаи маориф қарор гирифтааст. Соли 2017 16 млрд танҳо барои рушди муассисасҳои олии касбӣ ҷудо гардида буд.
11. Дания
Соҳаи маориф дар Дания мавқеи меҳварӣ дорад. То 16 –солагӣ таҳсил ҳатмӣ мебошад. Дар идома хонанда озод аст. Лекин 82 фоизи хатмкунандагони мактабҳо кӯшиши таҳсил дар мактабҳои олиро доранд.
12. Германия
Германия талош дорад, ки соҳаи маорифи беҳтаринро созмон бидиҳад. Таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ҳатмӣ набуда, дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин, мактабҳои олии Германия дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои дунё қарор дошта, дар сатҳи байналмилалӣ мақоми шоистаро касб кардаанд.
13. Россия
Коршиносон бар он андеша ҳастанд, ки Федератсияи Россия имконияти зиёд барои баланд бардоштани мақоми соҳаи маориф дар рейтинги ҷаҳонӣ дорад. Маълумотнокӣ дар Россия 100 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар ҷаҳон аз беҳтаринҳост.
Соли 2018 ба соҳаи маориф ин кишвар 663 млрд рубли русӣ ҷудо гардидааст.
Таҳияи
Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр