Нашрияи Омӯзгор

Беҳтарин донишгоҳҳои дунё дар соли 2018

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Ҳамасола радабандии беҳтарин донишгоҳҳои дунё аз ҷониби марказҳои илмии  гуногун  баргузор мегардад. Соли ҷорӣ озмуни «Беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон-2018» аз ҷониби маҷаллаи «Times Higher Education» миёни 1000 донишгоҳи 77 давлати дунё гузаронида шуд.

Бори аввал дар давоми 13 сол ду ҷойи аввалро мактабҳои олии Британияи Кабир соҳиб гардиданд. Донишгоҳи Оксфорд бори дувум пайдарҳам дар мақоми аввал қарор гирифт ва Донишгоҳи Кембриҷ аз мақоми чорум ба мақоми дуюм гузашт.  Дар радабандии имсола 31 донишгоҳи британӣ дар қатори 200 муассисаи олии беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтанд.

Мақоми сеюмро дар ин радабандӣ Донишгоҳи технологии Калифорния ва Донишгоҳи Стэнфорд (ҳарду аз ИМА) ишғол намуданд. Ҳамин тариқ, дар радабандии нав 40 мактаби олии Амрико ва  6 мактаби олии Канада дар радифи  200 донишгоҳи беҳтарин ҷой гирифтанд. Ҳамчунин, аз ҷумлаи беҳтарин 200 донишгоҳи дунё аз  Аврупо мактабҳои олии  Британияи Кабир, Олмон,  Нидерландия, Италия ва Испания қарор доранд.

Дар ин радабандӣ аз давлатҳои Осиё  мактабҳои олии Хитой мақоми шоистаро сазовор шуданд. 2 мактаби олии Хитой: Донишгоҳи Пекин ва Донишгоҳи Синхуа дар қатори 30 мактаби олии дунё мақом гирифтанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш