Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Вазорати маориф ва илм бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш менамояд, ки сол то сол теъдоди шаҳрвандонро барои таҳсил ба ихтисосҳои барои иқтисодиёти кишвар муҳим фиристонад.
Зимни суҳбат бо мо сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода иброз дошт, ки соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 5220 нафар (аз ин шумора 725 нафар ба таври шартномавӣ) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти миллии кишвар зарур), барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Россия 4019, Ҷумҳурии Халқии Хитой 462, Украина 31, Ҷумҳурии Беларус 112, Ҷумҳурии Қазоқистон 163, Ҷумҳурии Қирғизистон 176, Давлати Кувайт 6, Индонезия 24 ва дигар кишварҳои хориҷӣ 427. Шоистаи таъкид аст, ки ин теъдод нисбат ба соли гузашта 227 нафар зиёд аст. Дар баробари ҷудо гардидани бурсияҳо аз ҷониби кишварҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯст ва шарики стратегӣ, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва мактабҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд, Шӯрои амрикоӣ оид ба таҳсилот низ бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намуданд.
Дар идомаи суҳбат И. Камолзода қайд кард, ки соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 18 нафарро (7 бакалавр, 4 мутахассис, 3 магистр, 3 аспирант ва 1 докторант) ташкил намуд. Таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои мутамаддин тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои довталабони лаёқатманде, ки аз ҷиҳати молиявӣ имконияти маҳдуд доранд, дастгирии хубе мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар низ баланд гардидааст. Аз ин рӯ, талабот ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ба иттилои Илҳом Камолзода, соли таҳсили 2018 -2019 дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6257 донишҷӯ дар 40 муассисаи олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 2401 нафар зиёд аст.
Боиси хушнудист, ки дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои муқаррароти “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм”, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018 43 созишномаи ҳамкорӣ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳоро дарбар мегиранд, баста шуд. Ҳамзамон, дар доираи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳуку-мати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм” устодон ва коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар барномаҳои байналмилалӣ-минтақавӣ (UNESCO, CAEP, gSmart, UNIWORK, INTERASIA, gSmart – Spatial ICT Infrastructures for Smart Places) дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои таълимию методӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд.
Ҳамин аст, ки соли равон 62 нафар устодон ва донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ – амалӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1824 нафар шаҳрванди Ҷум-ҳурии Ӯзбекистон дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд. Бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷикистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил доранд. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 600 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамояд.
Ҳамчунин, батадриҷ ҳамко-риҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Беларус дар соҳаи маориф ва илм рушд ёфта, ҳайати омӯзгорон ва профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷонибҳо дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм, ки ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳар ду кишвар баргузор мегарданд, фаъолона иштирок намуда, табодули таҷриба менамоянд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ факултаи муштараки Тоҷикистону Беларус ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихисосҳои муштараки Тоҷикистону Беларус фаъолият дошта, дар ин замина табодули донишҷӯён ба роҳ монда шудааст, - зикр намуд сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ.
- Беш аз 1200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Гомел, Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус, Донишгоҳи давлатии тиббии Витебск, Донишгоҳи давлатии тиббии Гродний, Донишгоҳи давлатии Гродний ба номи Янка Купала, Донишгоҳии давлатии Беларус, Донишгоҳи миллии Беларус, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологӣ ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва маданият, Академияи роҳбарии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус ва ғайра таҳсил мекунанд.
Илҳом Камолзода таъкид кард, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм барои тайёр намудани кадрҳои болаёқату соҳибкасб ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати густариши чунин ҳамкориҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Насриддин Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр