Нашрияи Омӯзгор

Рамзи сарсабзиву ҷовидонагӣ

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Шогирдони мо – хонандагони мактабҳо табиатан ба гирду атроф, ба ҳодисаву рухдодҳо ва ашёи муҳит бо таваҷҷуҳ ва ҳисси кунҷкобӣ менигаранд ва дар бораи ҳар чиз маълумот доштан мехоҳанд.

Ҳамсасола дар арафаи соли нави мелодӣ кӯчаву хиёбонҳо ва аксар хонадонро арчаҳои солинавӣ оро медиҳанд. Хурдтаракон мехоҳанд бидонанд, ки ороиши арча чӣ маънӣ дорад ва чаро маҳз арча? Аз ин рӯ, омӯзгорро мебояд, ки дар ин мавзӯъ ба шогирдон маълумот ироа намояд.

Анъанаи оро додани арча ба муносибати соли нав таърихи дерин дорад. Ватани ин анъанаро Ҷумҳурии Олмон медонанд. Умуман, ин мамлакат ҳамчун ибтидои бисёр анъанаҳои машҳуру мақбул шинохта шудааст. Арча аз қадим байни бисёр мардуми ҷаҳон чун дарахти муқаддас эътироф гардидааст. Онро рамзи сарсабзии ҳамешагӣ, ҷовидонагӣ ва ҷавонии пойдор медонистанд ва ҳатто бовар доштанд, ки арча муҳити атроф ва хонадонро аз қувваҳои зишту бад ва ифротӣ ҳифз менамояд. Азбаски вуруди соли нав, пеш аз ҳама, бо орзуву таманниёт иртиботманд аст, ин хусусият бо пиндорҳо перомуни дарахти арча хеле мувофиқ омада. Асрҳо қабл аз ин одамон дар Аврупо анъанаи ороиши арчаро ба истиқболи соли нави мелодӣ пазируфтаанд. Дар оғоз арча урён буд ва тадриҷан ба оростани  ин оғоз карданд, зеро зебоӣ ҳам аз таманниёти ҳамешагии одамон аст. Вақте ки ороиши арча ҳукми анъанаро гирифт, он сол то сол такмил ёфт. Масалан, дар оғоз дарахти арчаи солинавиро бо меваю хӯришҳо, аз қабили чормағз, себ кулчақандҳо, тухм… пардоз мебахшиданд. Минбаъд бозичаҳо, ашёи ҷилодор, шилшилаҳо, ашколи гуногуни аз коғаз сохта, шохаи дарахтон ва монанди инҳо дар арча мавқеъ пайдо карданд. Мепиндоштанд, ки ҳар қадар арча бештар оро дода шавад, соли нав ҳамон қадар зебову гуворою пуртантана хоҳад шуд.

Анъанаи арчагузорӣ дар соли нав аз Аврупо ба Шарқ ҳам омад. Шарқиён ин анъанаро асосан аз ибтидои асри бист ба ҷаҳони ҷашнвораҳои хеш ворид сохтанд. Тоҷикон низ оғоз аз нимаи дуюми асри гузашта ба таври фаъол арчаву ороиши онро рамзи соли нави мелодӣ қабул карданд. Ҳар сол дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва дар хонадони зиёде арча оро дода мешавад. Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе соли нави мелодӣ бошукӯҳ истиқбол меёбад.

Арчаҳои солинавӣ ин ҷо (махсусан, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) хеле болобаланду пуршукӯҳ ва ороставу перостаанд. Тоҷикон соли нави мелодиро бо орзуҳои нек ва бо шукӯҳу тантана истиқбол мегиранд.

Мағфират Шарифова,

омӯзгори таърих   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш