Нашрияи Омӯзгор

Матнҳои пурмуҳтаво

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Дар дарсҳои забони тоҷикӣ дар шумори дигар хелҳои санҷиши хаттӣ диктант ва нақли хаттӣ мавқеи хеле муҳим ва устувор доранд. Онҳо аз имконоти фаровон бархӯрдоранд ва мувофиқи риояи қоидаҳои махсус баргузор карда мешаванд. Диктант ва нақли хаттӣ, пеш аз ҳама, барои мустаҳкам кардани мавзӯъҳои омӯхташуда, такмили нутқи шифоҳии хонандагон ва санҷиши сатҳи донишазхудкунии онҳо воситаи мувофиқ ва эътимоднок мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар иртибот ба барномаи таълим ҳамчун дастури методӣ барои омӯзгорони забони тоҷикӣ дар давоми даҳсолаи охир якчанд маҷмӯаи диктант ва нақли хаттӣ нигошта шудааст. Чунин маҷмӯаҳои тартибдодаи олимони услубшинос (методист) М.Қозиҷонов, М.Шайхов, М.Азизӣ ва чанд нафари дигар солҳои зиёде барои омӯзгорони забони тоҷикӣ дар таълими муваффақонаи ин фан хидмати шоиста кардаанд.

Омӯзгори собиқадор ва услубшиноси варзида Ҳотам Саидов китоби наверо бо номи «Маҷмӯаи диктант ва нақли хаттӣ» (барои синфҳои 5-11) пешкаши омӯзгорон намуд, ки мувофиқи барномаи таълим ва талаботи методикаи таълими забони тоҷикӣ таҳия ва мураттаб шудааст. Китоб аз муқаддима ва дувоздаҳ боб иборат мебошад. Дар шаш боби аввал матнҳо барои навиштани диктант дар синфҳои 5-9 ва дар шаш боби дигар матнҳо барои навиштани нақли хаттӣ дар синфҳои 6-11 пешниҳод шудаанд. Бояд гуфт, ки мураттиби ин китоби арзишманд дар интихоби матнҳо хеле дақиқкоронаву огаҳмандона рафтор намуда, дар заминаи ҷустуҷӯву таҳлилу таҳқиқ дар китоб беҳтарин намунаҳои матнҳоро аз осори адибони номвари сухансанҷи тоҷик гирд овардааст. Ин матнҳо барои амиқтар омӯхтани мавзӯъҳои  фонетика ва имло, сифат, зарф, синтаксис ва аломатҳои китобат, хелҳои ҷумлаҳои мураккаб ва масоили дигари забони тоҷикӣ мусоидат менамоянд. Пешсухани китоби «Маҷмӯаи диктант ва нақли хаттӣ» як мақолаи муфассали методиро мемонад, ки омӯзгорон аз он ба таври васеъ истифода хоҳанд кард. Дар ин пешсухан устоди забоншинос Ҳотам Саидов дар бораи моҳияти диктант ва нақли хаттӣ, тарзи гузаронидани ин гуна санҷишҳо, теъдоди корҳои хаттӣ дар синфҳои гуногун ва баҳогузорӣ ба онҳо маълумот ва дастури зарурӣ овардааст, ки барои омӯзгорони забони тоҷикӣ хеле муфид мебошад.

Китоби мазкур бо қарори шӯрои илмӣ – методии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва бо мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба чоп тавсия шудааст.

 

Нигина Каримова,

Зуҳро Каримова,

омӯзгорони забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш