Нашрияи Омӯзгор

Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонанда

Сана: 2018-12-31        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси раёсати маорифи вилояти Суғд ва раёсати андози вилоят озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» баргузор мегардад. Даври ҷамъбастии он  дар қасри    фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Сардори раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ  аст.

Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардиданд. Дар бахши озмуни «Расми беҳтарин» ҷойи якумро Абдуллоҳ  Усанов, хонандаи синфи 7 аз гимназияи №2-и, шаҳри Бӯстон ишғол намуд. Зинаҳои дуюму сеюмро Исфандиёр Ашӯров - хонандаи синфи 11, мактаби №30-и шаҳри Конибодом, Бахтовар Юлдошев - хонандаи синфи 10, литсейи 2-и ноҳияи Ашт, Хисрав Олимов - хонандаи синфи 10, мактаби №3-и ноҳияи Зафаробод ишғол намуданд.

Дар бахши «Иншои беҳтарин» ғолибият насиби Парвина Дадобоева - хонандаи синфи 11, мактаби №8-и шаҳри Гулистон гардид. Мақомҳои баъдиро Саидахон Ҳасанзода - хонандаи синфи 10, мактаби №12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нисо Муҳиддинова - хонандаи синфи 11, мактаби №18-и ноҳияи Шаҳристон, Сабрина Раҳимова – хонандаи синфи 9, мактаби№ 22-и ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибӣ намуданд.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш