Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Обиҷомак ва муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Рустамбеки шаҳри Истаравшан мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии №29 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд.
***
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ моҳи сентябри соли ҷорӣ толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии №9 дар маркази ноҳияи Мурғоб ва бинои муассисаи таълимии №8 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Рузвай мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат барои бунёди 7 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 17 ҳазору 280 ҷойи нишаст дар ду баст санги асос гузоштанд.
Соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 151 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо маблағи умумии 543 млн. 753 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта (2017) 51 бинои муассисаи таълимӣ бо 5921 ҷойи нишаст зиёд мебошад.
Аз ин шумора сохтмони 82 бинои муассисаи таълимӣ барои 16363 ҷойи нишаст бо маблағи 182 млн. 406 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 15 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 1646 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 7 млн. 490 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта азнавсозӣ карда мешаванд.
Соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ сохтмони 2 муассисаи таълимии дар хонаҳои шахсӣ қарордошта дар ноҳияи Балҷувон ва сохтмони 1 муассисаи таълимии дар биноҳои ҷамъиятӣ қарордошта дар ноҳияи Бохтар идома дорад. Тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур соли 2019 ба анҷом расонида мешавад.
Ба рӯйхати иншооти марҳилаи чоруми Фонди Саудии Рушд сохтмон ва азнавсозии 17 муассисаи таҳсилоти умумии дар ҳолати садамавӣ қарордошта ворид карда шудааст. Илова ба ин, аз ҳисоби лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» (Бонки Исломии Рушд) сохтмон ва азнавсозии 97 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 22608 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки маблағгузории лоиҳаи мазкур соли 2019 оғоз мегардад.
Таҳияи Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр