21 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.
Бинои мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар мактаби нав асосан аҳолии синни мактабии деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар гузашта бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири илмомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон дорад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад, нақши калон дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ин баробар ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд шудаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Мактаб ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори зебои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ мебошад.
Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.
Дар ин мактаб, ҳамчунин, як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли зимистон тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, ки зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футбол, баскетбол, валейбол ва теннис бунёд гардидааст.
Дар шафати бинои мактаб ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор бо чуқурии 60 метр як чоҳи амудӣ канда шудааст, ки дар баробари таъмини мактаб сокинони деҳаи Шаҳристон низ аз оби нӯшокии он истифода мебаранд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат, бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.
Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ бо талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёниятҳои дарсӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ин соҳибкор бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифта буд ва сохтмони ин иншоот дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудааст, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, 8 утоқи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.
Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати 1 гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст.
Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии Муассисаи таълимии №7-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Пешвои миллат, ҳамчунин, аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр