Ҳангоми гузаштани мавзӯи «Мундариҷаи ғоявии «Сафарнома»-и Носири Хусрав аз фанни адабиёт дар синфи 8 ба моҳият ва ҳадафи иншои ин асар аз ҷониби шоир, нависанда ва мутафаккири барҷастаи тоҷик ба хонандагон маълумот медиҳам. Бояд гуфт, ки аз ин асар нависанда ҳамчун рӯзнома ёд овардааст. Дар воқеъ, «Сафарнома» рӯзномаест, ки Носири Хусрав дар он ҳар он чизеро, ки сари роҳи сафараш дидааст ва ба мушоҳида гирифтааст ва ё бо ҳамсафаронаш-бародараш ва ғуломи ҳинду рух додааст, ба таври мухтасар, чунонки ба ин навъи асарҳо хос аст, ёддошт намудааст. Аслан, ин асар ҳам сафарнома, ҳам тазкира, ҳам таърих, ҳам ҷуғрофия, ҳам мардумшиносӣ ва ҳам фарҳангшиносист. Маълумоти Носири Хусрав ҳамчун донишманд, шоир ва нависанда дар бораи мулоқот, мубоҳиса ва суҳбатҳояш бо аҳли илму адаби кишвару шаҳрҳое, ки ба он ҷо сафар кардааст, аз ҳар ҷиҳат ҷолиб ва арзишманд аст. Ӯ вақте ба Симнон меояд ва талаби иҳли илм менамояд, барояш мардеро нишон медиҳанд, ки ӯро устод Алии Нисоӣ мегуфтанд. Соҳиби «Сафарнома» навиштааст, ки «наздики вай шудам, марде ҷавон буд, сухан ба забони порсӣ ҳамегуфт, ба забони аҳли Дайлам ва мӯйкушуда, ҷамъе пеши вай ҳозир, гурӯҳе Иқлидус мехонданд ва гурӯҳе тиб ва гурӯҳе ҳисоб. Дар аснои сухан мегуфт, ки бар устод Абӯалӣ Сино раҳматулллоҳи алайҳ, чунон хондам ва аз вай чунин шунидам…»
Насри «Сафарнома» сода ва бидуни олоиш ва давоми суннатҳои адабии Рӯдакиву Фирдавсӣ буда, аз таъсири насри суханпардозона ва такаллуфомез озод мебошад.
Шаҳло Шарифова,
омӯзгори мактаби №123,
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр