Маълум, ки ҳар кор, чун аз оғоз дуруст ҷараён меёбад, бомарому муваффақиятовар мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд, ки «бунёд (таҳкурсӣ) устувор бошад, бино мустаҳкам хоҳад шуд». Мақоли «Об аз сар бояд соф бошад» - низ ҳамин маъниро тақвият мебахшад. Дар соҳаи маориф бунёди таълиму тарбия муассисаҳои томактабӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар қадар раванди омӯзиш дар ин муассисаҳо мукаммалу пурмуҳтаво бошад, ҳамон қадар кӯдакон дар таҳсили минбаъдаашон комёб хоҳанд буд. Аз ин ҷост, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳафтаи гузашта ироа шуд, ба таҳсилоти томактабӣ диққати махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки минбаъд кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳар чӣ бештар фаро гирифта шаванд. Омӯзиши барвақтӣ бо дарназардошти хусусиёту имконоти психологию синнусолии кӯдакон боиси рушди зеҳнӣ, инкишофи дурусти ҷисмонӣ ва падидоии истеъдодҳои фитрии онҳо мегардад. Вобаста ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва нақшу моҳияти онҳо Пешвои миллат дар Паём чунин иброз доштанд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем». Дар Паём ба ҳама мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки то соли 2021 фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ба 30 дар сад расонида шавад. Бо ин мақсад дар назар дошта шудааст, ки дар қаламрави мамлакат танҳо дар давоми соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳот ҷойгир хоҳанд шуд. Эътибори ҷиддӣ ва ғамхорӣ ба соҳаи таҳсилоти томактабӣ, воқеан ҳам, баҳри такмили сифату сатҳи таҳсилот (дар Паём аз ин хусус изҳори нигаронӣ шудааст) нақши бағоят муҳим хоҳад бозид.
Тошбӣ Сафарова,
мураббияи кӯдакистони №40-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр