Бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар кишварамон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» эълон ва дар охири моҳи декабр ҷамъбаст мегардад. Ин яке аз озмунҳои бонуфузи мамлакат буда, ҳамасола дар он теъдоди зиёди довталабон ширкат меварзанд.
Ҳафтаи гузашта (29.12.2018) дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2018» ҳамоиши бошукӯҳе баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адабу фарҳанг, устодону донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт ва доираи васеи ҳаводорони каломи бадеъ ҳузур доштанд.
Дар оғоз муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машраб ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа суханронӣ карда, аз нақши барҷаста доштани китоб дар ҷомеа таъкид бинмуданд ва иброз доштанд, ки тоҷикон табиатан эътиқоду эҳтиром ба китоб доранд ва ин «фурӯғи субҳи доноӣ»-ро муқаддас медонанд.
Ёдрас гардид, ки озмуни «Китоби сол» бо таваҷҷуҳ ба маҳорати маъниофарии нигорандагон, риояи санъати сухан ва бандубасти моҳиронаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асарҳо ва амсоли инҳо ҷамъбаст мешавад. Озмун маъмулан дар чор бахш – назм, наср, публитсистика ва китобҳои бачагона ҷараён меёбад.
Дар ҳамоиш ҳайати доварони озмуни «Китоби сол - 2018» ғолибони озмунро эълон намуданд. Дар бахши назм Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева барои китоби «Лабчанг», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои китоби «Дар оғӯши хазонрез» ва шоири шинохта Гурез Сафар барои китоби «Се тори ҳамнаво» ғолиб дониста шуданд.
Дар бахши наср пирӯзӣ насиби нависандагон Сироҷиддин Икромӣ барои китоби «Боздошти муҳоҷир», Абдурауф Муродӣ барои китоби «Пайкори мӯрон» ва Шодӣ Раҷабзод барои китоби «Ранҷиш» гардид.
Дар бахшҳои дигари озмун нависандагон Туҳфа Расулӣ (барои китоби «Духтари баҳор») ва Маҷиди Салим (барои китоби «Бешаи палангон») ғолиб эълон гардиданд.
Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои дигар супорида шуданд.
Мо, кормандони ҳафта-номаи «Омӯзгор» ифтихормандем, ки ду нафар аз ҳамкоронамон – қаламкашони соҳибистеъдод Абдурауф Муродӣ ва Шодӣ Раҷабзод дар сафи ғолибони ин озмуни боэътибор ҷой гирифтанд. Воқеан, А.Муродӣ бори дуюм дар озмуни мазкур ба пирӯзӣ ноил гашт. Ӯ дар озмуни «Китоби сол - 2011» низ бо китоби хеле ҷолибу навоваронааш «Як танӯр кулча» (дар бахши адабиёти кӯдакон) дар сафи ғолибон ҷой гирифта буд.
Мо ҳамкорони шарафманди хешро бо ифтихори ин пирӯзашон самимона табрику таҳният мегӯем ва барояшон комёбиҳои навини эҷодӣ таманно дорем.
Насриддин ОХУНЗОДА,
котиби масъули
ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр