Вақте ки сухан дар бораи таълиму тарбияи насли наврас меравад, пеш аз ҳама, бояд хизматҳои шоёни шахсонеро қайд намоем, ки тамоми умри бобаракати хешро бедареғ сарфи ин роҳ кардаанд.
Яке аз чунин омӯзгорони дарёдил зани ҳалиму меҳрубон, муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич Фирӯза Бобоева мебошад. Бисту ҳафт сол аст, ки бо муаллима ифтихори ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ дорам.
Зиндагиномаи муаллима ибратомӯз мебошад. Фирӯза Бобоева дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.
– Вақте ки сухан аз устодони мактабӣ меравад, - мегӯяд Фирӯза, - пеши назарам симои муаллимаи аввалинам Ҷумъагул Холова ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Икром Акрамов ҷилвагар мегарданд, ки онҳо меҳру муҳаббати маро нисбат ба касби муаллимӣ бедор намуда буданд.
Фирӯза ба шуъбаи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дохил шуда, онро соли 1988 бомуваффақият хатм намуд. Ҳамон сол орзуи дерину ширини Бобоева Фирӯза ҷомаи амал пӯшид. Ӯ ба дипломи омӯзгорӣ соҳиб шуда, дар мактаби зодгоҳаш ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ба кӯдакон сару кор доштан кори осон нест, зеро табиати нозук ва қалби ҳассос доранд онҳо. Дар муассиса бо хурдсолтарин гурӯҳи хонандагон, онҳое, ки ба қавли маъруф, ҳанӯз ба ҳукми гули наврустаанд, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ машғул мешаванд. Онҳо масъулияти гаронеро ба дӯш доранд ва нахустхиштҳои кохи маърифатро дар дунёи кӯдакон бояд ончунон гузоранд, ки то ба охир девори ин кохи муҳаташам рост биравад.
Муаллима дар давоми фаъолияти кории беш аз 30-солааш садҳо шогирдонро ба камол расонидааст. Номи ӯро ҳамкорону шогирдон ва падару модароне, ки фарзандонашон дар муассиса таҳсил мекунанд, дар вохӯрию ҷамъомадҳо бо самимият ба забон меоранд.
Имрӯз ӯро дар қатори беҳтарин омӯзгорони ноҳия ном мебаранд. Солҳост, ки аксар омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассиса ва ноҳия аз Фирӯза Бобоева тариқи татбиқи методҳои фаъоли таълим, усули кор бо хонандагони рушди зеҳниашон суст, тарзи ҳуҷҷатгузориро меомӯзанд.
Аз соли хониши 2009 то соли 2015 ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ буд. Дар муассиса ҳамчун роҳбалад оид ба ин самти таълим нозукиҳои дастрас намудани методу усулҳои дарси ҳозиразамон ва дар амал татбиқ намудани ин методҳоро дар синфҳои ибтидоӣ назорат мебарад.
Шогирдони зиёди муваффақ дорад муаллима. Зумрае аз шогирдонаш дар донишгоҳҳои олии кишварамон бомуваффақият таҳсил доранд. Бархе аз онҳо дар паҳлуи муаллима истода, ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Ҳоло муаллима сармураббии созмони талабагии муассисаро бар уҳда дорад ва бо созмони талабагии ноҳия мувофиқи нақша бо хонандагон фаъолият мебарад.
Фирӯза Бобоева бонуи як оилаи бомаърифат мебошад. Шавҳараш Абӯбакр Тошев солҳои зиёд аст, ки сарварии литсейи ноҳияи Зафарабодро бар уҳда дорад. Духтари калониаш Зулайхо имсол факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бомуваффақият хатм намуд ва дар паҳлӯи модари худ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст. Духтари хурдиаш Маҳинабону хатмкунандаи мактаб буда, ният дорад дар оянда табиб шуда, дар ҳифзи саломатии мардум ҳиссагузор бошад.
...Муаллима ба осмони софу беғубор, хандаҳои беғаши кӯдакон назар афканда, шукри ин даврон мекунад. Аз он меболад, ки дар фазои истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ дар қатори дигар ҳамкасбон барои ояндаи неки сарзамини куҳанбунёдамон ворисони арзанда омода месозад.
Шамсия Шарифова
омӯзгори мактаби №15, деҳаи Угук, ноҳияи Деваштич,
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр