Бо амри тақдир ман дар айёми таҳсил, тадрис ва пажӯҳиш аз як қатор донишмандон ва омӯзгорони мумтозу арҷманд, аз қабили Муҳаммадҷон Шакурӣ, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Шарофиддин Рустамов, Мирзо Аҳмадов, Сайфӣ Наҷмиев, Ҷонон Бобокалонова, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Пӯлодҷон Қурбонов, Назаршо Бозидов, Субҳон Давронов, Саидраҳмон Саидов ва чанде дигар сабақи пурсуд бардоштаам ва ҳамчун шогирд аз раҳнамоӣ ва дастурҳои эшон ҳамеша шукргузорӣ менамоям.
Дафтари хотираҳоро варақ мезанаму пеши назар симои ибратомӯзи ин устодони муътабар ва наҷиб, донишманду ҳунаромӯз ҷилвагар мегардад, ки Саидраҳмон Саидов яке аз онҳост.
Ин устоди хирадманд ва инсони наҷиб соли 1944 дар ноҳияи Варзоб, дар оилаи шоири халқӣ Саид Холзода чашм ба олам кушодааст. Саидраҳмон пас аз тарбияи шоистаи хонаводогӣ ва хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намуд. Қариб ду сол ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт дар мактаби № 121, ноҳияи Варзоб фаъолият дошт. Солҳои 1972-1975 дар аспирантура таҳсил карда, баъдан ба сифати лаборанти калон, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик, ҷонишини декан, декани факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ то соли 1996 фаъолият менамояд. Устод соли 1987 дар мавзӯи «Абулқосим Лоҳутӣ - адиби бачагон (проблемаи жанр ва навоварӣ)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илми филология гардид.
Саидраҳмон Саидов айни замон ба ҳайси дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики факулта ба дараҷаи баланди илмию методӣ дарс мегӯяд. Дар тӯли фаъолияти корӣ 8 китобу дастури таълимӣ ва зиёда аз 150 кори илмӣ, илмию методӣ ва оммавию публитсистӣ эҷод кардааст. Барои хизматҳои шоёнаш «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Ин устоди варзида дар ҳама вазифаҳои хидматиаш баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф, фаъолияти донишгоҳ, тарбия ва тайёр кардани мутахассисон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намудаасту, дар тайёр намудани олимони соҳаи филология саҳми арзанда дорад.
Ғановатмандии олами ботинӣ ва маънавии устод аз сиришти поки асолати аҷдодӣ, ҷавонмардӣ, хоксориву фурутанӣ, меҳнатдӯстӣ ва рисолати шоистаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст. С.Саидов олими дақиқназар, инсони фурӯтану хоксор, равшанзамир ва омӯзгори варзида буда, байни аҳли маорифи ҷумҳурӣ бо кору пайкори созанда, фидокориву ҳақталошӣ ва поктинатӣ соҳибмақом гаштааст. Шогирдонро ҳамеша ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ, хизмати содиқона ба мардум ва маърифатгароӣ ҳидоят менамояд. Шахсияти вай барои ҳар яке аз мо намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (давраи ниҳоят ҳассос ва мураккаб) дар низоми идораи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ бесарусомонӣ ҳукмфармо буд. Дар чунин вазъ роҳбарии факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба дӯши Саъдулло Наимбоев ва баъд ба зиммаи Саидраҳмон Саидов вогузор гардид, ки банда дар ин замон вазифаи муовини декан оид ба таълимро ба уҳда доштам. Муҳити солими тадрис ва тарбият заиф гардида, зери таъсири маризиҳои ҷомеаи парешон монда буд. Дар чунин вазъияти печида устод Саидраҳмон Саидов бо азму иродаи матин дар вазифаи масъулиятбори сарвари факулта кор кард ва ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва омӯзиши бетанаффус ҳидоят намуд.
Айни замон устод Саидраҳмон Саидов бо иродатмандӣ ҷодаи пуршарафи хешро идома мебахшад ва хушбахтона, ҳамоно чубуку фаъолу пешсаф аст, рӯҳи тавонову устувор дорад ва пайваста дар тарбияву камолоти мутахассисони соҳавӣ нақши шоиста мегузорад.
Банда беш аз чил сол аст, ки бо устод пайванди маънавӣ дорам, аз файзи хираду суҳбатҳояш бархӯрдорам. Аз зиндагии шоиста ва ибратомӯзи чунин устодон бармеояд, ки дар ҳақиқат, тухми илмро бояд дар дили марзи пок пошид ва бо нияти нек обёрӣ кард ва дар сояи амният ва адолат ба самар расонид.
Абдусамад Муллоев,
доктори илмҳои филологӣ,
профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр