Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи дониш зимни ифтитоҳи бинои Академияи ВКД таъкид карда буданд: « … зарур аст, ки ба таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии раванди донишомӯзӣ ва интихоби касб эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро ҳадафи он, пеш аз ҳама рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.
Мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороиш, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем…»
Кормандони Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон ба номи Парии Ҳисории шаҳри Ҳисор ин таъкиди Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондаанд. Хонандагони марказ дар чорабинию озмунҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба «Самбои муҳорибавӣ» ва «Муҳорибаи омехта» дар шаҳри Душанбе 7 аъзои маҳфили варзишии марказ иштирок карда, Исмоил Гулзода, Зоҳиршо Расулов, Муҳаммадшариф Холов ва Маҳмадёр Охунов ҷойи аввал ва Ҳикмат Каримов, Тоҳир Абдуллоев ва Муҳаммадҷон Қодиров ҷойи дувумро соҳиб гаштанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Бостоншиносон ва этнографони наврас», ки дар Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ баргузор гашт, дастаи шаҳри Ҳисор дар бахши «Викторина» сазовори ҷойи якум гардид. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон» дар бахши «Суруди якка» Наврӯзҷони Салим ва дар бахши «Рақси умумӣ» аъзои маҳфили «Рақси ҳозиразамон» ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, ки боиси хушнудист. Дар мавсими тобистон аъзои маҳфил сайру саёҳат намуда, аз ҷойҳои таърихии кишвар дидан кардаанд. Дар таътили зимистона бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарӣ, касбомӯзӣ ва донишандӯзӣ озмунҳои «Шашка», «Расми беҳтарин», «Рақси беҳтарин»... гузаронида мешаванд.
Турсуной Тилакова, муовини директор оид ба корҳои таълим (директори марказ М. Боев дар рухсатӣ қарор доштанд) ба мо гуфт, ки айни замон дар марказ 30 нафар кор мекунанд. Дар 20 маҳфил ва 73 гурӯҳ 646 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Мутаассифона, ду маҳфил - «Машшота-ороишгар» ва «Экология-биология» барҳам дода шудаанд.
- Вале бо вуҷуди ҳама талоши кормандон натиҷаи корамон қонеъкунанда нест,- изҳор медорад Т. Тилакова. - Мушкили асосии муассиса надоштани бинои алоҳида аст. Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон ба номи Парии Ҳисорӣ то соли 2014 бинои алоҳида дошт, ки дар он тамоми шароит муҳайё буд. Моҳи январи соли 2014 бинои марказ бо баъзе сабабҳо аз даст рафт. Марказ ба бинои хобгоҳи коллеҷи омӯзгории шаҳр кӯчонида шуд, пас аз он ба бинои собиқи Қасри фарҳанг кӯч бастем. Айни ҳол ду моҳест, ки дар мактаби санъати ба номи Саид Ҳамроев ҷой гирифтаем. Марказ 6 утоқ дар ихтиёр дорад, ки кам аст. Дар 4 ҳуҷра бо навбат маҳфилҳоро мегузаронем. Хонандагон ба марказ зиёд муроҷиат мекунанд, аммо аз сабаби надоштани ҷой ва муҳити созгор наметавонем бачаҳоро ба маҳфилҳо фаро гирем. Инчунин, аз сабаби зуд-зуд иваз кардани ҷоямон баъзе хоҳишмандон моро бо мушкилӣ пайдо мекунанд.
Мудири шуъбаи методии марказ Баҳрулло Муродов иброз медорад, ки барои фаъолияти пурсамари муассиса шароити мусоид зарур аст. Аз сабаби набудани ҷой аксари маҳфилҳои марказ дар дигар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Аз нарасидани асбобҳои мусиқӣ, маводи идорӣ танқисӣ мекашем. Дар маҳфилҳои пазандагию дӯзандагӣ ҳам аҳвол чунин аст, маводи зарурӣ намерасад. Дар маҳфили рақс либосҳои рақсии мувофиқ надорем. Либосҳои саҳнавиро барои гузаронидани чорабиниҳо муваққатан аз Қасри фарҳанг иҷора мегирем.
Мавсуф афзуд, ки усули таълим пеш рафтааст, аз ин рӯ, пешниҳод мекунам дастурамалҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ низ мутобиқ ба шароити имрӯза таҳия ва омода карда шаванд. Инчунин, маҳфилҳои бадеии ҳаваскорони мактаб, ки солҳои пеш мавҷуд буданд, бояд аз нав эҳё гарданд…
Дар 147 мактаби ҳудуди шаҳри Ҳисор 102 роҳбари Созмони хонандагон фаъолият мебаранд. Созмон соли ҷорӣ чандин семинарҳои амалию дастурдиҳӣ баргузор намудааст, инчунин пайваста ба роҳбарони созмонҳои наздимактабӣ вохӯриҳо гузаронида, машварату маслиҳатҳои методӣ медиҳад. Аммо созмони хонандагони марказ низ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Дар марказ ва мактабҳо Созмони хонандагон ҳуҷраи алоҳида надорад. Аз нарасидани атрибутикаи ягона танқисӣ мекашанд. Роҳбари Созмони хонандагони марказ Сайриддин Нарзуллоев гуфт, ки номгӯи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии шаҳрро ба рамзу нишон ва дигар маводу ашёи марбут ба Созмони хонандагон, аз қабили шайпур, нақора, ливо, парчами рӯйимизӣ, парчами даставӣ, галстукҳои духтаронаву писарона… ба Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм пешниҳод намудаанд.
Умедворем, ки дар соли нави 2018 мушкилоти ҷойдошта дар Маркази санъат ва эҷодии кӯдакон ба номи Парии Ҳисорӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.
Дилафрӯз ҚУРБОНӢ, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр