Номзади илмҳои физика ва математика Муллошараф Арабов дар давраи донишҷӯии мо дар кафедраи технологияи иттилоотӣ-иртиботии факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард. Дар факултаи маз-кур маҳфили “Барноманависони ҷавон” ва дастаи ишти-рокдорони олимпиадаҳоро сарварӣ менамуд. Бо роҳбарии ӯ ҳар ҳафта дарсҳои иловагии ройгон гузаронида мешуд, ки мо бо ҳамсабақон дар онҳо иштирок намуда, донишамонро дар заминаи технологияҳои иттилоотӣ такмил медодем. Имрӯз шогирдони Муллошараф Арабов дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд.
Мавсуф айни замон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия фаъолият менамояд. Бо кӯшишу талошҳои устод соли гузашта яке аз донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи якум гардид. Инчунин, бо роҳбарии М. Арабов донишҷӯёни донишгоҳи номбурда дар олимпиадаи байналмилалии АСМ ICPC дар Қазоқистон иштирок намуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Муллошараф Арабов ба хонандагони 25 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе кито-би тозанашри хешро бо номи “Маҷмӯи мисол ва масъалаҳо аз барномасозӣ”, ки бо забонҳои барноманависии сатҳи олӣ, ба монандӣ: PascalABC.NET, C++, C#, Pyton, Java ва GO навишта шудааст, ҳадя кард. Дар ин дастури таълимӣ-методӣ зиёда аз 230 мисолу масъала оид ба барномасозӣ гирд оварда шудааст. М. Арабов муаллифи 8 дастури таълимию методӣ мебошад ва ҷиҳати пешрафти бахши технологияи иттилоотии кишварамон қадамҳои устувор мегузорад. Мо, шогирдон аз комёбиҳои устоди худ мефахрем.
Саврулло УМАРОВ,
омӯзгори технологияи иттилоотии
мактаби №30-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр