Дуруст ба роҳ мондани тарбияи ахлоқии наврасон яке аз шартҳои муҳими пешгирии бадахлоқӣ дар байни онҳо мебошад. Аз гуфтаҳои равоншиносон бармеояд, ки дар ниҳоди кӯдакону наврасон ҳиссиёт бар ақл ва тафаккури аёнӣ аз тафаккури мантиқӣ афзалият дорад. Дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас вазифаи асосии оила ва аъзои он аст, зеро оила ташкилоти ҷамъиятӣ, коллективи ягонаест, ки аз муассисаи таълимӣ фарқ дорад. Аъзои оила бо синну сол, касбу кор аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, бо ҳам алоқаи хешу таборӣ доранд ва ба тарбияи насли наврас таъсири мусбат расонида метавонанд.
Ҳангоми ба дунё омадани тифл дар оила вазифаҳо ва масъулияти мушкил волидонро интизор аст. Волидон дар солҳои аввали камолёбии тифл бештар ба таъмин ва қонеъгардонии талаботи моддии ӯ аҳамият медиҳанд, талаботи маънавӣ ва ахлоқии тифлро то ҳадде аз мадди назар дур мегузоранд.
Асрҳо қабл аз ин собит шуда, ки тарбияи тифл аз батни модар оғоз мегардад.
Дар зинаи якуми таълимӣ бояд волидон бо муассисаи таълимӣ ҳамкории зич дошта бошанд, фарзандро ба омӯхтани илму маърифат ҳидоят намоянд. Бояд волидон дар хурдсолӣ фарзандро дар рӯҳияи меҳнатдустӣ тарбия намоянд, зеро рӯҳияи меҳнатдӯстии фарзанд ин меҳвари асосии дар ҷамъияти шаҳрвандӣ мавқеи худро ёфтани онҳо мегардад. Ба воситаи меҳнат амали некеро анҷом додан мафкураи маънавии наврасро сайқал медиҳад. Дар тарбияи ҳамаҷонибаи шахсияти наврас ягонагии тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, физиологӣ, маънавӣ, эстетикӣ тавсия гардидааст, ки он ба сатҳи маданият, манавиёт, рафтору кирдори ҳаррӯзаи волидон вобастагӣ дорад. Аз мушоҳидаҳои худ ҳаминро илова менамоям, ки наврасони худпараст, якрав, саркаш ва дағал дар ҷомеа зиёд ҳастанд. Чунин рафтори наврасон ҳар як шахсро бояд ба ташвиш оварад, на фақат омӯзгоронро. Таълимоти муосири илмӣ низ тасдиқ намудааст, ки ҳатто бо фароҳам овардани шароити беҳтарин инсоне, ки тарбияи дурусти ахлоқӣ надидааст, қаноатмандӣ эҳсос накарда, «шуғлҳои» наверо кашф менамояд, ки тадриҷан наврасро ба кӯйи бадахлоқӣ мебарад.
Г.БЕРДИЕВА,
омӯзгори мактаби № 34,
ноҳияи Рудакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр