Дар машғулиятҳои тарбиявӣ дар синфҳои поёнӣ дар мавзӯъҳои гуногун суҳбатҳо баргузор намудан ва аз воситаю усулҳои муосир истифода кардан аҳамияти калон дорад. Яке аз мавзӯъҳое, ки мунтазам атрофи он омӯзгорон ва калонсолон суҳбат мекунанд, ин донистани қадри нон мебошад. Дар байни мардуми тоҷик аз қадим таъбире машҳур мавҷуд аст: «нон ҳам нон, нонреза ҳам нон». Маълум аст, ки бе нон зиндагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳои зиндагӣ бояд бирасем ва нагузорем, ки пораи он зери по монда ҳайф шавад. Ба шогирдон мефаҳмонам, ки баҳри омода гардидани орд ва аз он пухтани нон заҳмати зиёде сарф мешавад. Тавре медонем, деҳқон аввал заминро шудгор мекунад, сипас, дони гандум мекорад. Агар тирамоҳ сербориш ояд, боке не, вале сол хушк ояд, кишоварз шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, аз пайи обёрии замини кишт мешавад. Онро нигоҳубин мекунад. Баҳорон боз аз пайи ғамхорӣ ба замин мешавад. Вақте ки гандум пухта мерасад, онро дарав мекунад деҳқон. Халтаҳои гандумро ба осиёб мебарад. Аз орди тайёршуда модарон нон мепазанд, нонҳои танӯрии бомазза, ки хӯрдани он лаззати аҷибе дорад.
Сипас, ба хонандагон тавзеҳ медиҳам, ки одамон, падару модарон бибию бобоёни мо солҳои вазнинеро пушти сар карда, азоби бенонию гуруснагӣ кашидаанд. Дур нарафта, воқеаҳои фоҷиабори ҷанги дохилиро, ки солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ оташи он аланга зад, мисол меорам. Ҷанг худ даҳшат аст, қурбонӣ аст, фалокатҳои гӯшношуниде дар пай дорад. Ҳангоми даргириҳо заводу фабрикаҳо аз кор монданд, гандум дар саҳро дарав нокарда монд. Одамон дар фикри ҷони худ буданд. Гуруснагӣ кишварро фаро гирифта буд. Аз набудани орди гандум мардум маҷбур шуд, ки нони зағораю сабӯсиро тановул кунад. Дар баъзе манотиқи кишвар аҳолӣ орди тухми ҷорӯбакро истеъмол намуданд. Таъбире ҳаст, ки «ҳама чизро фиреб кардан мумкин, вале шикамро не». Воқеан, нон-сарвати бебаҳост. Хушбахтии мардуми тоҷик аст, ки он рӯзҳои сиёҳ бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пушти сар шуданд, сулҳу осоиштагӣ таъмин гардид ва одамон дар фазои тинҷию амонӣ зиндагии босаодат доранд.
Нон дар ҳама мағозаю фурӯшгоҳҳо фаровон, мардум серу пур, шукронаи тинҷию озодӣ мекунанд.
Заррина САБУРОВА,
омӯзгори гимназияи №2,
ноҳияи Шоҳсансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр