Гаравиш ба эҷоди бадеӣ дар баробари истеъдод ҷасорат низ тақозо дорад, бо сухан кор гирифтан, сухане муассиру ҷолибу дилрас гуфтан ва ба «қомат»-и сухан «ҷомаи муносиб» кашидан саҳлу сода коре нест.
Неку ва басо воқеъбинона таъкид кардаанд: «Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад, Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад». Ва низ:
То сухан чун қомати мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.
Марди шарифу хушниҳод Имомалӣ Нуралиев, ки солиёни зиёде дар арсаи таълиму тарбия талош варзидаву дар ҷодаи рӯзноманигорӣ қадамҳое устувор гузоштааст, бо чанд китоби муҳтавоманду хонданиаш («Суруди Людмила», «Дар қаламрави париён», «Панди омӯзгор», «Боғи Рустам»...) кайҳо собит карда, ки дар эҷоди бадеӣ низ қалами гиро дораду истеъдодманд аст. Нигоштаҳояш иртиботе қавӣ бо мушоҳидаву бардоштҳояш аз воқеият доранд ва ба вижа, аз лиҳози моҳияти тарбиявӣ (ҳадафи меҳварии адабиёт) шоистаи таваҷҷуҳу ситоишанд. Ӯ нисбатан кам менависад, аммо равшан дарку мушоҳида мешавад, ки ҳар суханро бо тааннию таҳаммул, борҳо дар тарозуи андеша баркашида мегӯяд ва аз ин рӯ, дар аксар мавридҳо суханаш бисёр бавазн ва хушлаҳн аст. Аз ин лиҳоз, метавон ҳам аз китобҳои пешин ва ҳам аз китоби навини ӯ, ки «Зиндагӣ ва ишқ» ном гирифта, далелҳое фаровон овард, вале ин маврид бо овардани ду пораи зер иктифо мекунем: «Эй баҳри дамон! Бигӯй ба он мавҷҳоят, осудаю ором бошанд, то ман он киштии садпораи худ зи ту ҷӯё шавам!» (Аз ҳикояти «Киштии садпораи ман»). «Эй номеҳрубон, натарс! Аз он сӯхтанҳо ҷони ман сӯзад ҳам, домани ту оташ нахоҳад гирифт. Ман медонам, ки ҳамаи ин сӯхтанҳо аз оташзаниҳои туст. Ҳатто, ба оразат холе гузоштаӣ, ки садҳо хирмани дил аз он оташ хоҳад гирифт». (Аз ҳикояти «Душманро сӯзон»). Шевою саҳеҳу равшан ва бидуни обуранги барзиёд навиштан аз умдатарин махсусиятҳои ҳунари эҷоди қаламкаши солманд Имомалӣ Нуралиев мебошад.
Китоби нави ин эҷодкори собиқадор аз ҳикоёти тамсилӣ, ҳикматҳои муассир ва як силсила ашъори рангин таркиб ёфтааст. Пайдост, ки ӯ аслан бо амри дил менависад ва саманди дил варо гаҳ ба фарохмайдони наср мекашаду гаҳи дигар ба тангҷодаҳои назм мебарад. Ва хушо, ки ҳама ҷо ӯ савори бовиқору устувору комёб аст ва ба ин қазоват, бовар дорем, ки хонандагони азизу нуктафаҳм низ пас аз мутолиаи китоби «Зиндагӣ ва ишқ» ҷонибдор хоҳанд шуд.
Ба устоди арҷманд Имомалӣ Нуралиев рӯзгорони пурнишот ва лабрез аз илҳоми эҷод таманно дорем ва дар ҳошияи китоби «Зиндагӣ ва ишқ»-аш ин байтро ба нишони меҳру ихлос нақш мекунем:
Дӯстӣ неку бувад бо эҳтиром,
Зиндагӣ бо ишқ бошад
бардавом.
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр