Тамоми пешаҳо махсусиятҳои худро доранд ва риояи ин махсусиятҳо нуфузу эътибору мақоми пешаҳоро муайяну муқаррар менамоянд. Ин нукта, албатта, ба пешаи пуршарафи омӯзгорӣ низ тааллуқ дорад.
Яке аз махсусиятҳои меҳварии ин пешаи наҷибу инсонсоз эҷодкорӣ мебошад. Воқеан ҳам, бидуни эҷодкорӣ фаъолияти омӯзгор тасаввурнопазир аст, бидуни эҷодкорӣ ҳеҷ омӯзгоре муваффақу пешрав буда наметавонад. Агар шакли асосии фаъолияти омӯзгор дарс бошад, пас, ҳамон дарс барои хонандагон ҷолибу таваҷҷуҳовар ва хотирмон аст, ки дар заминаи эҷодкориву навҷӯиҳои омӯзгор ҷараён гирад, аз қолабҳои муқаррариву умумӣ берун бошад. Эҷодкорӣ дар фаъолияти омӯзгорон ҷанбаҳои гуногун дорад. Аҳли таълиму тарбия эҷодкории хешро дар баргузории дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ бо шогирдон, дар маҳфилу конфронсу ҳамоишҳои мухталиф зоҳир менамоянд. Доираи эҷодкориҳои омӯзгорон боз ҳам фарохтар аст. Гурӯҳи калони омӯзгорони ҷумҳуриамон, ҳамчунин, гаравиш ба эҷоди мақолаҳои илмию методию публитсистӣ, шеъру ҳикояҳо доранд ва навиштаҳояшон дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, махсусан, дар нашрияҳои Вазорати маориф ва илм пайваста ба нашр мерасанд. Зумрае аз устодони мумтози мамлакат соҳиби китобҳои илмӣ, методӣ ва бадеӣ мебошанд. Басо хушоянд аст, ки шумораи зиёди омӯзгорони пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе фаъолу соҳибтаҷрибаанд ва эҷодкориро ба муҳимтарин хусусияти кори хеш табдил додаанд. Аз ин хусус метавон далелҳои зиёде дар иртибот ба саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор»-у «Маорифи Тоҷикистон » овард. Охири соли гузашта бо эҳтимоми сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» китоби пурмуҳтавою ҷолибе бо номи «Нури дониш» ба нашр расид, ки фарогири маҷмӯи мақолаҳои илмию методист. Дар ин китоб навиштаҳои пурмазмуну судманди беш аз ҳафтод омӯзгори фаъолу истеъдодманди мактабҳои пойтахт гирд оварда шудааст. Мақолаҳо ҳамбаста ба таҷрибаю мушоҳидаҳои аҳли таълиму тарбия эҷод гардидаанду гуногунмуҳтавоянд. Ҳамзамон, шоистаи зикр аст, ки аксари мақолаҳои китоби мазкур дар иртибот ба иҷрои «Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020» барномаҳои компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо нигошта шудаанд ва аз ин рӯ, пайванди қавӣ бо воқеияти соҳа доранд. Ба китоби «Нури дониш» сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ бо номи «Рушди маориф –асоси сиёсати давлат» пешгуфтори муфассалу муҳтавоманде навиштааст. Мавсуф, аз ҷумла, овардааст, ки солҳои охир дар соҳаи маорифи пойтахт корҳои зиёде вобаста ба такмили сатҳу сифати таълиму тарбия сомон бахшида шуданд. Боиси сарфарозист, ки омӯзгорони пойтахт давра ба давра фаъолияташонро бавусъаттар мекунанд ва дар баробари дигар ҷанбаъҳои корашон ба эҷодкорию навоварӣ машғул шуда, вобаста ба таҷрибаю бардошту мулоҳизоташон мақолаҳои арзишманд эҷод менамоянд. Ин хусусият барои такмили ихтисос ва табодули таҷрибаи омӯзгорони муҳтарами шаҳри Душанбе дорои аҳамияти махсус аст.
Дар мақолаҳои илмию методие, ки дар китоби «Нури дониш» ба нашр расидаанд, муаллифон асосан ба масъалаҳои маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, таҳлили мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, роҳҳои такмили ҷараёни таълиму тарбия, корбасти усулҳои фаъоли таълим, бартарии низоми таҳсили салоҳиятнок, тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва башарпарварии насли наврас, талқини ҳунару ҳунаромӯзӣ, омӯзиши ҳадафмандонаи осори ниёгон, роҳандозии робитаи судманд бо волидон, муқовимат бо терроризм, таҳкими кори маҳфилҳои гуногун ва монанди инҳо дахл кардаву андешаву мулоҳизоти судманд ироа бинмудаанд. Таҳияву нашри китоби «Нури дониш» амали хеле манфиатбахш барои аҳли маориф ва бозомӯзии омӯзгорон буда, минбаъд идома бахшидани ин анъана судбахшу муфид буд.
Сабоҳат Очилдиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №54-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр