Абдурауф Муродӣ эҷодкорест, ки ба ҳаводиси зиндагӣ ва мушкилоти рӯз нигоҳи хос дорад, воқеиёти иҷтимоиро ба тарзи худ мушоҳида мекунад, аз онҳо маънӣ мебардорад ва бардоштҳояшро бо шеваи хос чун донаҳои марворид ба ҳамел мекашад. Мушоҳидаҳояш мушаххасу амиқ, тасвирҳояш ҷолибу муассир ва нигоштаҳояш кӯтоҳу пурмаънианд.
Шакли кӯтоҳ, маънии васеъ, тасвироти ҷолиб ва сухани равони пур аз танзу ҳаҷв хусусияти эҷодиёти ӯ, ба вежа асари мавриди мутолиа аст. Абдурауф Муродӣ нависандаи ҳаҷвнигор мебошад. Ҳаҷвияҳои ӯ аз ҷиҳати интихоби мавзӯъ, муносибат ба ашёи тасвир, сабку услуби баён ва нигориш рангоранганд. Ин рангорангӣ, аз як тараф, аз қобилияти баланди дарки зиндагӣ, нигоҳи хоси рамузфаҳм ва маъниофарии ӯ дарак диҳад, аз ҷониби дигар, баёнгари сабку услуби хоси адиб дар майдони эҷоди бадеӣ аст. Ҳаҷвиёти ӯ, асосан, дар ду шакл - ҳикояҳои хурд ва резанигошта эҷод шудаанд.
Нигоштаҳои реза ва ё чакидаҳо, ки дар назарияи адабиёт ва публитсистика навъи эпиграмма шинохта шудааст, аслан дар эҷоди бадеӣ ва публитсистӣ шакли нав нест. Ин гунаи нигоштаҳо шурӯъ аз осори Убайди Зоконӣ то ҳаҷвнигорони баъдӣ мушоҳида шавад ҳам, ҳеҷ адибе ин шаклро равияи асосии эҷоди худ қарор надодаст. Дар эҷодиёти Абдурауф Муродӣ реза ва ё чакиданигоштаҳо мавқеи нисбатан намоён доранд. Асарҳои пешини ӯ «Анори дона-дона», «Аз нешханд то нӯшханд» дар ҳамин шакл эҷод шудаанд.
Чакидаҳо мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд, аммо оҳанги гуфтор ва ҳикмати маъниашон мухталиф аст. Дар онҳо хислатҳои бади инсонӣ - бахилӣ, рашк ҳасад, бадгумонӣ, шуҳратталабӣ, хушомадгӯйи, ҳатулкорӣ, пурхӯрӣ, дурӯягӣ, тамаъхоҳиву тамаъҷӯйӣ ва амсоли инҳо мазаммат гардида, содалавҳиву зудбоварӣ мавриди танз қарор гирифтааст.
Ин ва дигар мавзӯот дар чакидаҳо чун донаҳои анор ҷило медиҳанд, мазаашон турушу ширин аст. Дар онҳо турушиву дуруштиҳои хасоили инсонӣ, ки ҷузъи нуқсонҳои зиндагианд, «бо лафзи андаку маънии бисёр» танқиду мазаммат ва масхара мешаванд. Ағлаби матолиби мавриди назар шаклан кӯтоҳ буда, ҳамагӣ як - ду ҷумларо фаро мегиранд, аммо маҳорату истеъдоди муаллиф имкон дода, ки дар ин кӯтоҳӣ маънии васеъ ва тасвироти ҷолибро ғунҷонад. Ин чакидаҳо унвонияти муайян надоранд, яъне содиркунандаи нуқсон маълум нест ва мақсади муаллиф низ ин набуда, балки хандидан, фош ва маҳкум намудани бадиву бадкирдориҳост.
Як хусусияти нуктаҳои ҳаҷвӣ он аст, ки ағлаби онҳо маҳсули мушоҳида ва бардоштҳои бевоситаи нигоранда аз ҳаёти воқеӣ ва лаҳзаҳои зиндагӣ буда, дар таълифашон аносири танз, ҳазл ва ҳаҷв дар канори ҳам омадаанд. Нависанда барои ҷаззобу намакин ва дилкаш сохтани матлаб аз аносири гуногун: муболиғаи муқобилгузошташуда, иғроқ, ҳазлгӯии беҳад, пичингу киноя, хандаи хушҳолкунанда ва заҳрханда, муқоисаи баръакс, истеҳзою ришханд, баръаксгӯй, такрори барҷой ва амсоли инҳо моҳирона ва нишонрас истифода мебарад. Ин усул имкон додааст, ки баъзе аз чакидаҳо қолаби зарбулмасалу мақолро гирифта, тобиши андарзӣ пайдо кунанд.
Бо ин вуҷуд, дар аксари резанигоштаҳо неруи истеҳзо, адоват ва маззамат тавоност. Ин оҳанг ба нигоштаҳои ӯ хислати эпиграммаро бахшидааст.
Умуман, А. Муродӣ дар эҷоди танз ва тавлиди ханда аз усули муқобилгузорӣ хуб истифода мебарад. Дар ҳаҷвиёти ӯ эҳсоси бартарии ахлоқ ба унсури танқид ва боварии воқебинона дар ногузирии ислоҳи он ҳамчун қувваи барангезанда маҳсуб мешавад. Маҳз чунин эҳсос зиддияти муносибат ва фикррониро тавлид намудааст. Тазод ва муқобилгузориҳои муаллиф, аз як тараф, нигоштаҳояшро ҷолибу намакин, аз ҷониби дигар, муассиру нишонрас гардонидааст.
Китоби «Пайкори мӯрон» (Душанбе: «Ирфон», 2018)дар адабиёти тоҷик, ба вижа, дар бахши ҳаҷв падидаи тозаест ва итминони комил дорем, ки он аз ҷониби доираи васеи хонандагон гарм пазируфта хоҳад шуд.
Мурод Муродӣ,
профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр