Нашрияи Омӯзгор

Транскрипсияи фонетикӣ чист?

Сана: 2019-01-04        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Ифодаи овозҳои нутқ тавассути хатҳои махсус ва алифбои ин гуна ифода транскрипсия ном дорад. Нутқи мо аз маҷмӯи калимаҳо иборат аст. Калимаҳо бошанд, аз овозҳою ҳарфҳо таркиб ёфтаанд. Овозро мо мешунавем  ва ҳарфҳоро  менависем. Дар забони тоҷикӣ ҳар як овоз бо як ҳарф ифода меёбад. Мисол, мо ҳарфи «ҳ» - ро талаффуз мекунем ва онро  бо ҳарфи «ҳ» менависем. Калимаи «Модар» аз панҷ ҳарф иборат аст ва ҳангоми талаффузи он мо панҷ овозро мешунавем. Аммо  ин ҳолат дар забони англисӣ ранги дигар мегирад. Як ҳарфи забони англисӣ на як овоз, балки овозҳои гуногунро ифода  мекунад. Масалан, ҳарфи А ба таври [ei]  «ей» ё [ə] «е» (бо талаффузи забони англисӣ) ҳам хонда мешавад.  Калимаҳое  ҳастанд, ки ду ё  се ҳарфашон талаффуз намешавад. Масалан,  bought [bɔt], light [laɪt], bright [braɪt]. Дар баробари ин, калимаҳои дигаре ҳам мавуҷуданд, ки талаффузашон як хел бошанд ҳам, вале дар навишт фарқ мекунанд. Барои намуна :  I [ai] – ман, eye [ai] – чашм.    

Бинобар ин, 26 ҳарфе, ки дар алифбои забони англисӣ мавҷуданд, 44 овозро ташкил медиҳанд. Чунин фарқияти калони байни ҳарфҳову овозҳои забони англисӣ боиси ба миён омадан ва истифодаи транскрипсияи фонетикӣ гардидааст.

Транскрипсияи фонетикӣ хатти махсуси овознависӣ буда, аз аломатҳои махсуси фонетикӣ иборат аст. Аломатҳои мазкур барои дуруст талаффуз кардани калимаҳо ба мо ёрӣ мерасонанд. Донистани транскрипсия ба мо имкон медиҳад, ки калимаҳои забони англисиро бехато нависем ва талаффуз намоем.

Транскрипсияи фонетикӣ дар сатҳи истифодаи байналхалқӣ қарор дорад ва дар тамоми луғатномаҳои англисӣ истифода мешавад.

 

Гулнисо ҲАҚНАЗАРОВА,

омӯзгори забони англисии

мактаби №93, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш